27 феврали соли ҷорӣ дар ҳавзаи интихоботии Тӯтзор-37 интихоботи миёдаврӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Садорат Сафарова дар ҳавзаи интихоботии Тӯтзор-37 аз 2002 нафар интихобкунандагони ҳудуди ҳавза 1988 нафар дар интихобот иштирок намуданд. – Номзади пешбаринамудаи ҲХДТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо ба даст овардани 99,3 дарсади овози интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардид, – гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори мо Садорат Сафарова. Аъзам Ализода бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти рақами 293, аз 17 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин карда шуд. Бо қарори конференсияи ғайринавбатии 23-юми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз 12 январи соли равон мавсуф номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ пешбарӣ гардида буд.