Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: Истиқлолият – неъмати бебаҳост

Имрӯз 11 августи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” баргузор гардид, ки дар он Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, Мавлудахон Баҳриддинзода – муовини озоди Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳё Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, Маликнеъмат Неъматов – рҳбари маҳфили адабии “Зарафшон” ширкат доштанд.

Сараввал, Туроб Доробзода – раиси Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ҷамъомади имрӯзаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард.

Мавлудахон Баҳриддинзода – муовини озоди Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳё Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба дастовардҳои даврони Истиқлол, пешрафту шукуфоии кишвар дар ин давр суҳбат кард.

Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба 30 соли эъмори давлатдории миллии тоҷикон, қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.

Маликнеъмат Неъматзод – роҳбари маҳфили адабии “Зарафшон” Илҳом Одинаев – директори МТМУ №29 доир ба муҳимтарин самтҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ноҳияи Мастчоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карданд.

Сипас, як қатор собиқадорону фаъолони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир, шеъру таронаҳои кормандони хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ иштирокчиёнро болидаруҳ гардонид.

Шоистаи зикр аст, ки илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон низ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *