Бо мақсади саривақт иҷро намудани даъвати баҳоронаи ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ имрӯз дар ташкилоти ҷамиятии мададгори мудофияи ноҳияи Мастчоҳ 15 нафар ҷавонон баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.Бояд ёдовар шавем, ки бо дасгири раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Аъзам Ализода ҷавонон бо сарбаландона ташкилоти мазкурро хатм намуда ба хизмат раҳсипор гаштанд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Д.М.бо нав даъватшавандагон зимни суҳбат қайд намуд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи давлату миллатанд. Бояд ҳар як ҷавони кишвар дар замони ҷаҳони ҳассос барои ҳимояи ватани хеш шабу руз омода бошад.
Рубрики
МАСТЧОҲ: Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вусъат меёбанд.
