Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ҲХДТ ДАР РУШДИ ҶОМЕА ВА ПЕШРАФТУ ОБОДИИ КИШВАР”

Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 17-и деҳоти Оббурдон бо ибтикори гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ мизи мудаввар доир шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муродулло Почозода иштирок ва суханронӣ кард.

Нахуст роҳбари гуруҳи вакилии ҳизб, директори муассисаи мазкур Бурҳон Сафаров оид ба ҳолати воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар замони таъсисёбии ҲХДТ ва нақши он дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон сухан гуфт.

Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Муродулло Почозода бо ёдоварӣ аз хизматҳои бузургу беназири Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва муттаҳид намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша кард.

Таъкид гардид, ки рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста  пайдо намудани он пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, гувоҳи дорои Барномаи мушаххас ва маҳбубияти комил доштани ҳизб дар ҷомеа аст.

– Моро зарур аст, ки барои ҳифзи чунин дастовардҳои беназир, амнияту суботи сиёсӣ ва боз ҳам ободтар намудани кишвари азизамон саҳми шоиста гузорем. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлиси навбатии КИМ ҲХДТ таъкид намуданд: “дурӯя ва бетараф набошем”,- гуфт М. Почозода зимни суханронӣ.

Сипас ҷонишини директори муассиса Абдусамад Махсумов ва омӯзгори фанни таърих Ҳимматбек Ҳамрозода оид ба мавзӯи мизи гирд афкори худро баён намуда, ҷавононро ба худшиносиву ватандӯстӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои солҳои Истиқлол даъват карданд.

Бо супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба як гуруҳ омӯзгорони ҷавони мактаб ва тақдими туҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ мизи мудаввар ба кори худ хотима бахшид.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *