Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: МУҲОФИЗОНИ ВАТАН – ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ва раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳ”, роҳбари муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Давронбек Миров афсарону сарбозони қисми ҳарбии 14356-ро, ки  дар ноҳияи Мастчоҳ воқеъ аст, ба соли нави милодӣ табрик гуфта, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Муродулло Почозода бо ёдоварӣ аз талошу  хизматҳои бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Артиши миллӣ таъкид намуд, ки хизмат дар сафи чунин нерӯи қавӣ, ҷасур ва мактаби мардонагӣ шарафу ифтихор аст.

– Сарбоз будан, яъне ҳамеша дар ҳифзи марзу бум, халқу ватан ва арзишҳои олии давлату миллат омодаи ҷоннисорӣ будан аст. Сарбоз будан, яъне ҷавонмард будан, худшиносу ватандӯсти асил будан ва барои ҳимояи  ҳар зарра хоки ватан устувору сарсупурда будан аст, – таъкид кард Муродулло Почозода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ.

Давронбек Миров бо  қироати  табрикоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим ба афсарону сарбозон саломатии ҳамешагӣ ва дар ҷодаи иҷрои рисолати сарбозӣ муваффақиятҳои беназир таманно кард.

Роҳбарияти қисми ҳарбӣ ба кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб барои амалӣ намудани чунин иқдоми нек ибрози сипос намуда, гуфт, ки савганди ҳарбӣ,  садоқат ба Президент ва халқу Ватан ҷавшани ҷону чароғи дили  афсарону сарбозон аст.

Шиносоӣ бо хобгоҳи гарм ва амбори пури ғизои қисми ҳарбӣ маълум намуд, ки имрӯз тамоми шароит барои сарбозон муҳайё буда, ҳар як хизматчии ҳарбӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дорад.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *