Рубрики
Асосӣ Мақола

Мастчоҳ: Тоҷикистон, “толибон” ва мафкураи толибонӣ

МАҚОЛА: (Чанд нуктаи гуфтанӣ ба вокуниши яке аз роҳбарони “Толибон” ба мавқеи Тоҷикистон ва ҳаводорони хиёнатпешаи онҳо)

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки наздик ба 30 сол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими амнияту субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар қадамҳои собит мениҳад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳдӯсту ваҳдатофарин ва шарики боэътимод дар татбиқи ғояҳои умумибашарӣ шинохта шудааст.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро дидаву дарду ранҷи онро то ҳанӯз фаромӯш накардааст, табиист, ки бо ҳама зуҳуроти ҷангу хунрезӣ, ифротгароиву тероризм ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ муборизаи ошкоро ва оштинопазир мебарад. Дар ин маънӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (30.09.2003, ИМА) фармуда буданд: “Мо ҳамаи шаклҳои терроризмро бо ҳар воситае, ки зӯроварӣ ва воҳимаандозӣ нисбати одамони бегуноҳ ҳақ бароварда нашаванд, қатъан маҳкум карда, ба муқобили онҳо мубориза хоҳем бурд. Дар ин мубориза, ки дар ҷараёни он танҳо бо роҳи ҷидду ҷаҳди дастҷамъӣ пирӯз гаштан мумкин аст, ба интихоб ва меъёрҳои дугона роҳ додан мумкин нест.” Дар моддаи якуми фасли аввали Оинномаи Созмони миллали муттаҳид “эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳама гуна озодиҳои бунёдӣ бе тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ” аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гуфта шудааст ва мусалламан Тоҷикистон ҳамчун узви СММ барои татбиқи амалии ин аҳдоф масъул аст. Дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таври возеҳ гуфта шудааст, ки “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.” Аз ин рӯ, мавқеи Тоҷикистон дар баробари “Толибон”, ки хилофи ваъдаҳои қаблии худ амал намуда, бо баробари расидан ба қудрат қатлу куштори мардуми бегуноҳи Афғонистон, махсусан тоҷикони асили ин сарзамини таърихии миллати моро ба дараҷаи ифрот расонида, дар вилояти мардхезу қаҳрамонпарвари Панҷшер тамоми ҷаҳолату разолат ва хабосати худро ба намоиш гузоштанд, дурусту мантиқӣ ва мутобиқ ба санадҳои байналмиллалӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳое ба ҷонибдорӣ аз мардуми Афғонистон садо баланд карданд, ки мутаассифона баъзе аз созмону кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳавасмандии худро аз ҳамкорӣ бо гуруҳи терористии “Толибон” ё ба таври ошкоро иброз менамуданд ва ё дар баробари рафторҳои ғайриинсонии онҳо хомӯширо авлотар медонистанд. Чунин амал нишонаи сиёсати дугона дар самти мубориза бо тероризм ва бераҳмӣ ба мардуми одии Афғонистон аст. Зеро терору куштори мардуми бегуноҳ, ба фақру гуруснагӣ гирифтор кардани кӯдакон, инкор намудани ҳуқуқҳои занону духтарон ва қатлу табъиди тоҷикон дар ин кишвари ба мо ҳамфарҳангу ҳамҷавор зулму ситами ошкоро ва хилофи қавонини исломӣ, санадҳои байналмилалӣ ва виҷдони инсонист. “Толибон”, ки тамоми рафторҳои худро бо ҷомаи шаръ ба намоиш мегузоранд, бояд аз моҳияти ояти 193-юми сураи Бақара бохабар бошанд, ки фармудааст: “ситам ҷуз ба ситамкорон раво нест.” Мантиқан, биёед қазоват кунем, ки магар сокинони Панҷшер ва дигар вилоёти Афғонистон, ки сиёсати нажодпарастонаву ғайрисломии “Толибон”-ро қабул надоранд, шоистаи зулму ситаманд? Оё Аҳмад Масъуд ва дигар афроди худшиносу ватандӯсти ин кишвар, ки барои озодиҳои диниву миллии мардум мубориза мебаранд, муҷриманд? Магар метавон кӯдакони бегуноҳи афғонро, ки падару модар, хонаву дар ва шарафи худро қурбони “Толибон” кардаанд, золим гуфт? Занону духтароне, ки барои ҳуқуқашон саъй мекунанд, ситамгар номидан равост? Оё золиму ситамгар “Толибон” ва сарпарастону ҳаводоронашон нестанд, ки мехоҳанд бо роҳи зур ва тарс додани мардуми мусалмон дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон мавқеъ ёбанд? Ҷавоби саҳеҳ ба ин саволҳо бори дигар саривақтиву дуруст будани мавқеи Тоҷикистонро дар муқобили “Толибон” тасдиқ мекунад, чунки “хомӯшӣ дар баробари зулм зулм аст” ва “касе, ки шабро ба субҳ расонад ва нисбат ба сарнавишти мусалмонон аҳамияте ба харҷ надиҳад, мусалмон нест” (Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с).

Агарчӣ тамоми рафтори “Толибон” ва саркардагону ҷонибдоронашон хилофи фармудаҳои Қуръони Карим, аҳодиси Расули Акрам (с), санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ ва аз ҳама муҳим ахлоқи инсонист, мутассифона аз ҷониби баъзе афроди худбохтаву Худоношинос – аъзову ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ, ки хориҷ аз кишвар қарор доранд, дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмиву ғайрирасмияшон дастгирӣ ва тарғиб мешаванд. Аз вокуниши яке аз роҳбарони “Толибон” ба мавқеи башардӯстонаи Тоҷикистон, ки гуфтааст “ҳар амал аксуламал” дорад, ин тоифа чунон шодикаф шудаанд, ки гӯё Мулло Бародар падари хунии онҳо (аз хонандгони арҷманд узр мепурсам) бошад. Дуруст аст, ки эҳтимолияти ҳамлаи “Толибон” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Вале ин аз мавқеи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа вобаста нест. Агар мо “Иморати Исломии Толибон”-ро эътироф намоем ҳам аз таҳдиду хатари онҳо эмин будан наметавонем, дигар кишварҳо низ. Зеро дар нигоҳи онҳо соири кишварҳо “билоди куфр” ва амирашон “амиралмуъминин”-и тамоми дунёст. Ҳадафи “Толибон”-у ҳампаймонҳояшон аз аввал ба лонаи тероризми байналмилалӣ мубаддал намудани Афғонистон, ба ҷанг кашидани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қатлу кушторҳои бераҳмона дар минтақаву ҷаҳон буд ва тағйир наёфтааст. Далели равшани ин гуфтаҳо амалу гуфтори худи онҳост, ки ҳамарӯза шоҳид мешавем. Онҳо бо шиори Ислом номи поку мубораки ин дини ҷаҳониро сиёҳ мекунанд.

Душманони миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол, махсусан роҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ, ки ҳамеша аз хориҷи кишвар барои бадбахтии мардум талош меварзанд, аз ҳар ҳаводис мехоҳанд ба нафъи ғароизи худ истифода намоянд. Дур намеравем, дар моҷарои марзӣ, ки ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Исфара ба вуқуъ омад, онҳо бо сангар гирифтан дар муқобили манофеи милливу давлатии мо чеҳраи касифи худро бори дигар муаррифӣ карданд. Аз ҷониби роҳбарону пайравони чунин гуруҳҳои ифротиву терористӣ пахш намудани изҳороти гуногун бо ҳимоят аз таҷовузи қирғизҳо ба марзи Тоҷикистон дар он шабу рӯзҳои ҳассос чӣ маънӣ дошт? Дар шароити имрӯза ва вазъи фоҷеабори Афғонистон, ки бояд барои ҳар яки мо дар самти ҳимояи марзу буми кишвар,аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва рӯҳбаланду омода кардани мардум дар муқобили ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ ҳадафи асосӣ бошад, дастгирӣ ва таблиғ намудани амалҳои терористиву нажодпарастонаи “Толибон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ хиёнати ошкоро ба ормонҳои миллӣ, давлатӣ ва инсонист. Чунин хиёнатро, ки аз мафкураи “толибонӣ” сарчашма мегирад, Худо, халқ ва ҳеҷ қонуне, махсусан имону виҷдони мусалмониву инсонӣ намебахшад. Пас биёед бевиҷдону хиёнаткор набошем, бо шукргузорӣ аз Истиқлолу Ваҳдат ва амнияту суботи Тоҷикистони азиз барои имрӯзу ояндаи неки фарзандонамон талош варзем, дунёи онҳоро ба дузахе, ки “Толибон” дар Афғонистони имрӯза сохтаанд, табдил надиҳем.

Муродулло ПОЧОЗОДА,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *