Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ХОНИШИ СИЁСӢ: ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА САОДАТГУСТАР

 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 28-солагии ҲХДТ дар макотиби ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯи “ҲХДТ – ҳизби созанда ва саодатгустар”-ро  ба нақша гирифта буд.

Дар доираи нақшаи мазкур Хусрав Ашӯрзода  – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳраки Бӯстон вохӯрӣ намуда, оид ба таърихи таъсисёбӣ ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ суҳбат кард.

Таъкид гардид, ки ҲХДТ ва Раиси муаззами он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи муқтадир ва пешбарандаи ҷомеа эътимоди комил доранд ва барояшон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардаанд.

– Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ масъулияти худро дуруст дарк намуда, дар раванди пурифтихори созандагӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми шоистаи худро гузорем, – таъкид кард Хусрав Ашӯрзода.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *