Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: ШАМЪИ ХОТИРА, ЁДЕ АЗ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Санаи 05 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи МТМУ №16 ба номи Ҷонмуҳаммад Холиқов бо ибтикори раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Қобилхоҷа Қобилов “Ҳафтаи поси хотир” баргузор гардид, ки дар он раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.

Насиба Шарифова – директори МТМУ №16 чорабинии имрӯзаро ифтитоҳ намуда, доир ба гиромидошти шахсиятҳои меҳнатакаш ва собиқадорони фаъоли ноҳия суханронӣ намуд.

Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба саҳми меҳнаткашони ноҳия дар рушду пешрафт ва гулгулшукуфоии маҳал суҳбат карда, хотираи чанде аз заҳматкашони ноҳия, аз ҷумла Ҷонмуҳаммад Холиқов – собиқ мудири маорифи ноҳияи Мастчоҳро шод гардониданд.

Қобилхоҷа Қобилов – раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба саҳмгузории собиқадорони меҳнат ба монанди Мулоҳусейн Шарифов, Мирзосафар Ҳоҷиев ва Умаров Саидсуҳроб собиқ мудирони муассиса, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ва баъди он, баҳри саводнок гардонидани насли наврас кӯшидаанд, ибрози андеша намуд.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорони меҳнат – Шарофат Мирвайсова, Малика Тураева ва Наргис Холова дар ҷамъомади имрӯза суханронӣ намуда, аз пешрафти ноҳия, ки саҳми собиқадорон дар он зиёд аст, мисолҳо оварданд.

Дар охир, ба чанде аз ходимони барҷастаи меҳнатии муассиса туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *