Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ қабулгоҳи ҷамъиятӣ амал мекунад, ки тавассути он ҳар ҳафта шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба роҳбарияти кумиҷроияи ноҳиявӣ ва вакилони интихобкардаи худ муроҷиат мекунанд.
Ин навбат, рӯзи 6 январи соли ҷорӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ – 18, узви фраксияи ҲХДТ Ғайрат Азиззода, ки бо сафари корӣ барои шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ноҳия қарор дорад, дар кумиҷроияи ноҳиявӣ шаҳрвандонро қабул ва муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ кард.
– Сокинони ноҳия асосан барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва норасоии оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёд муроҷиатҳои худро ба вакил ироа намуданд, – мегӯяд Олимхон Исматӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар деҳоти Мастчоҳ низ Ғайрат Азиззода шаҳрвандонро қабул ва муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ карда буд.
Муллошукур ШОКИРЗОДА,
“Нигоҳи халқ”