Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Қаҳрамони сулҳ, сармеъмори ваҳдат, бахти нурафшон ва даҳои зиндагӣ

МАҚОЛА: Нигоҳе ба шинохту бузургдошти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷодиёти адибони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давраи фоҷеабори таърихи миллат зимоми давлатдории кишварро ба каф гирифта, тавонистанд, бо вуҷуди монеаву хатарҳои гуногун маҷрои сарнавишти Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир диҳанд. Бо хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими амнияту субот ва ниҳоят даст ёфтан ба Ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик буд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як шахсияти маҳбуби кишвар ва кулли тоҷикони ҷаҳон табдил ёфтанд. Аз ин ҷост, ки ба қавли муҳаққиқи ҷавону донишманд Мирзоолим Мирзораҳимов “шахсият ва корномаи беназири ватанпарастию миллатдӯстии Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин идеали зиндагӣ мебошад”. Дар адабиёти тоҷик низ шахсияту корномаи абармарди таърихсоз ва асосгузори Тоҷикистони нав муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хос дошта, сабаби пайдоиши беҳтарин осори адабию бадеӣ гардидааст, ки албатта ҳар яке дорои заминаву арзишҳои воқеӣ ҳастанд.

Барои шоирону эҷодкорони ноҳияи Мастчоҳ шахсият ва хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳом дар иншои осори мондагор мебошад. Қувват Давлат, Усмон Олим, Олимхон Исматӣ, Гулноз Тоҳириён, Ҷӯра Юсуфӣ, Муҳаммадюсуф Фозилзода, Қудратшоҳи Одина, Абдуқодири Абдуллохон, Шариф Раҳмон, Сурайё Ёқубова, Мирзоҳайдар Умарзода, Мирзоюсуф Шарифзода, Ҳасан Боқӣ, Муллоҳасан Гулов, Бобоашӯр Амонзода, Родмеҳр Сулаймонӣ, Муллошукур Шокирзода ва даҳҳо нафари дигар аз адибони ин гӯшаи шоирхези Тоҷикистон дар ашъори худ ҷасорату ҷавонмардӣ, сулҳофариниву давлатсозӣ, адолату созандагӣ ва дигар хислату хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллатро сутудаанд.

Барои шоири шаҳиру тозабаён Қувват Давлат Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони сулҳ аст, ки тавониста “миллатеро аз ҷунуни худкӯшӣ” берун оварад. Шоир дар оғози шеъри маъруфи худ “Қаҳрамони сулҳ” аз бисёр будани қаҳрамонони ҷанг ёдовар мешавад, ки бо ҳар роҳу восита ба зидди душман ва шикастани он мубориза бурдаанд:

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Он яке тарконда худро душманеро кард кӯтаҳдаст,

Бар тани захмини худ он дигаре баста гулӯла

Хешро дар зери тасмачарх андохт,

Танкҳои оҳанин бишкаст.

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Он яке бо синаи худ дошт роҳи тирборонро

Бо вуҷуди худ раҳонид аз шикори марг ҷони ҷумла ёронро…

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Зидди душман рафта ҳам гавваккашон,

Зидди душман рафта ҳам оташфишон,

Аз хуни худ бар замин бикшида хатти арғувон.

Дар идомаи шеър шоир хеле ҳунармандона диққати хонандаро ба қаҳрамони сулҳ равона месозад. Қаҳрамони ҷанг бисёр аст, аммо Қаҳрамони сулҳ яктост, бо фард будани худ фарқ мекунад, миллатро аз марг наҷот мебахшад:

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Қаҳрамони сулҳро бин,

Бо вуҷуди хеш баста,

Пеши роҳи тирборони адоватро,

Вораҳонд аз марг миллатро.

“Қаҳрамони сулҳ”-и Қувват Давлат симои сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тасвир намудааст. Бо қироати ин шеъри олӣ ҳамаи заҳмату талошҳои Қаҳрамони сулҳ – Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳои мудҳиш ба мисли навори филми ҳуҷҷатӣ пеши назари хонанда зинда мешаванд:

Қаҳрамони сулҳро бингар,

Он ҳама таркидаҳоро боз аз нав медиҳад таркиб,

Он ҳама бигсастаҳоро боз аз нав мекунад пайваст.

Бо муҳаббат даст ёзида,

Карда пулҳои зи ҳам бишкастаро пайваст бо даст.

Қаҳрамони сулҳ барои расидан ба ҳадафи олӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати комил ва амнияту суботи ҳамешагӣ кинаҳоро аз дили мардум берун карда, хашмҳои талху сӯзонро ба муҳаббат табдил медиҳад, ки фақат хоси ӯст:

Қаҳрамони сулҳро бингар,

Баркашида минаҳоро як – як аз раҳ безарар карда,

Яъне

Кинаҳоро аз дили мардум бадар карда.

Қаҳрамони сулҳро дидӣ?

Хашмҳои талху сӯзонро муҳаббат кард,

Ҳам кудуратро бурун андохт аз дилҳо,

Баъди ин дилҳои мо бо меҳр одат кард.

Мубориза байни хайру шар ва некиву бадӣ дар ҳама давру замон буд ва табиист, ки дар муқобили Қаҳрамони сулҳ низ гуруҳе сангар мегиранд. Вале сабру таҳаммул ва ҷасорату мардонагии Қаҳрамони сулҳ ҳамаи садду найранги бадхоҳонро мешинакад, ба халқи ҷафокашидаи тоҷик, ки фасли тирборон умрашро сияҳ карда буд, оштӣ мебахшад, сулҳро эҳдо мекунад, ки сабаби аз ҷунуни худкушӣ ба ҳуш омадани миллат мешавад:

Қаҳрамони сулҳро бингар,

Гоҳ андар тирборонҳои бадгӯй,

Сабри сангин ӯ сипар карда,

Аз таҳаммул ҷавшани мардонагиро ҳам ба бар карда,

Бо ҷасорат хештанро дар хатар карда,

Аз ҳама хашму аламҳо оштӣ овард,

Аз ҳама ҷангу ҷадалҳо сулҳ рӯёнид,

Бо ҳама садду халалҳо сулҳ рӯёнид.

Дар диёри мо, ки фасли тирборон буд,

Бо чи заҳматҳо зи кӯҳу дарраҳову дашту талҳо сулҳ рӯёнид.

Қаҳрамони сулҳро дидӣ?

Оштӣ оварду оташ кард хомуш

Миллатеро аз ҷунуни худкушӣ овард бар ҳуш.

Шеъри “Қаҳрамони сулҳ” ба назари мо дар адабиёти тоҷик яке аз беҳтарин ва муассиртарин асарест, ки тавонистааст симо ва заҳмату ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳунари баланд ва тасвирҳои тозаву хотирмон таҷассум намояд.

Олимхон Исматӣ дар бораи афкор, шахсият, корнома, ва бунёдкориҳои бузургу беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи шеърҳои гуногунжанр, аз ҷумла ғазалу рубоӣ, мухаммасу дубайтӣ ва достон сурудааст. Шоир ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Исмоили асри навин, ки ҳумоюнажод, соҳиби толеву бахти бузург, намоди ҷасорат, адолату шараф аст ва нисбати тақдири миллат бетараф нест, барои эҳёи номи миллат ва равнақи бунёдкориву созандагӣ сано мефиристад:

Дигар нест ҷанги бародаркушӣ,

Дигар ҳамдигарфаҳмӣ асту хушӣ.

Ки Исмоили аср омад ба тахт,

Ҳумоюннажоде, батолеву бахт.

Саропо ҷасорат, адолат, шараф,

Ба тақдири миллат нашуд бетараф…

Ба эҳёгари номи миллат сано,

Ки моро бақо шуд зи боди фано…

Пешрафти Тоҷикистон ва ояндаи неки он ба ному талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустакиму ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки шоир таманнои салатанати ҳамешагии ӯро дорад ва бо ифтихор мегӯяд:

Туӣ, Тоҷикистон муваффақ шуда,

Раҳи мо ба фардо муҳаққақ шуда.

Дилам хоҳад умре ту бошӣ ба тахт,

Ки саъдахтарастӣ ба толеву бахт…

Ҳалолат бувад шири модар ба тан,

Ки номат шуда ҳамрадифи Ватан.

Дигар Тоҷикистони ман, раҳ ба пеш,

Ба фатҳи умеду таманнои хеш…

Зиҳӣ Пешвоё, зиҳӣ Қаҳрамон,

Амон мон, ки халқат амон аст, амон!

Бо ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии мо эҳё шуд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои тамддуни бостонӣ ва мероси бузурги илмиву фарҳанги эътироф гардид, ки ормони ҳазорсолаи миллат буд. Ин маънӣ дар ашъори Қудратшоҳи Одина чунин ифода гардидааст:

Дарди ҳазорсола бо азми ту шифо ёфт,

Эй ормони миллат – Эмомалии Раҳмон.

Тоҷикро дар олам ному нишон ту додӣ,

Ному нишони миллат – Эмомалии Раҳмон…

Дар Куллиёти форсии шоир ва мутаффакири Машриқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ абёти зерин сабт шудаанд, ки дар Тоҷикистон низ чун паёми худшиносӣ маҳбубияту маъруфият доранд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Қитъаи шоири масчоӣ Шариф Раҳмон, ки “Нури миллат” унвон гирифтааст, аз ҷиҳати шаклу оҳанг ба ба абёти боло хеле наздик аст:

Худо он миллатеро нур бахшад,

Ки ӯро ҳамчу шамсе роҳбаре ҳаст.

Худо бар Тоҷикистон хост равнақ,

Ки Эмоми Алияш сарваре ҳаст.

Аз ҷиҳати мазмун ва баёни андеша метавон “Нури миллат”-ро як навъ ҷавобияи дурусту зебо ба абёти Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ донист.

Дар шеъри дигар низ Шариф Раҳмон тавонистааст бо истифода аз сабки зебову шевои Мавлоно дар офаридани мазмуни нав ва таҷассуми бадеии хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамавқеъ ва ҳунармандона истифода намояд:

Эй ҷони мо, эй ҷони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо,

Эй нури раҳмонӣ ба сар, эй зиннати даврони мо.

Ҳар ҷо, ки по бигзоштӣ, гулзор кардӣ он макон,

Эй хоки поят тӯтиё, “эй гавҳари чашмони мо”.

Аз файзу аз эҳсони ту, аз ҳиммату аз ройи ту,

Обод шуд, бунёд шуд, кошонаи вайрони мо.

Дунё биомӯзад зи ту, расму русуми сарварӣ,

Эй Сарвари сулҳофарин, эй нури нуристони мо.

Эҳёгари миллат туӣ, созандаи давлат туӣ,

Дармони сад иллат туӣ, эй пири равшанҷони мо.

Эй шоми миллатро саҳар, эй парчами давлат ба сар,

Эй Тоҷикистонро сипар, эй бахти нурафшони мо…

Дар ин ғазал ибораҳои шоиронаи “нури нуристон”, “пири равшанҷон” ва “бахти нурафшон” ҳадафи шоирро, ки офаридани образи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, хеле зебову ҳунармандона таҷассум намудаанд.

Ҳамин тавр, дар эҷодиёти шоири хирадманд Усмон Олим, шеърҳои “Руҷӯи Пешвои миллат”-и Гулноз Тоҳириён, “Дуо”-и Муҳаммадюсуф Фозилзода, “Хутбаи рӯз” ва “Ниёиш”-и Абдуқодири Абдуллохон, “Шаҳпари миллат”-и Мирзоҳайдар Умарзода, “Даҳои зиндагӣ”-и Мирзоюсуф Шарифзода, “Таронаи ватандорӣ”-и Ҳасан Боқӣ, “Ҷони Ватан”-и Родмеҳр Сулаймонӣ, “Нури чашми Тоҷикистон”-и Муллошукур Шокирзода, рубоиёту сурудҳои Сурайё Ёқубова ва осори дигар эҷодкорони маъруфу ҷавони Масчо бузургии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ӯ дар пешрафту ободии Ватан, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ҳомии арзишҳои милливу давлатӣ дар беҳтарин шаклу мазмун тасвиру тавсиф гардидааст, ки нишонаи муҳаббати бузурги мардум, махсусан эҷодкорон ба Президенти маҳбуби халқ мебошад. Ҳар яке аз ин шеърҳо барои ташаккули худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон ва ба роҳи пурифтихори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намудани онҳо метавонанд саҳми бориз ва шоиста гузоранд.

Муродулло ПОЧОЗОДА,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *