Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: 28-СОЛАГИИ ҲХДТ БА ТАВРИ ШОИСТА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар Қасри  фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши мутантан баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Моҳира Раҳимзода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Муродулло Почозода, собиқ раисони кумиҷроияи ноҳиявӣ, собиқадорон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, меҳмонони даъватшуда аз бахшҳои ноҳиявии  ҲКТ, ҲАТ ва ҲДТ иштирок доштанд.

Ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

 Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни ироаи табрикоти худ аз нақши тақдирсози Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ ва равнақи корҳои созандагӣ ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 28 соли мавҷудияташ таҳти роҳбарию ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳбубтарин нерӯи сиёсӣ ва ҳизби пешбару раҳнамо табдил ёфта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати демократию ҳуқуқбунёд ва пешрафту ободии Ватан ва саодати мардуми Тоҷикистон нақши барҷаста ва саҳми шоиста дорад.

–  Аз ин рӯ, мо ифтихор менамоем, узви ин ҳизби мардумӣ, созанда ва мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат мебошем, – гуфт дар рафти суханронӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Моҳира Раҳимзода бо қироати табрикори раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба аъзову ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Мастчоҳ муваффақиятҳои бештар таманно кард.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ба раиси ноҳия Аъзам Ализода ва собиқ раисони кумиҷроияи ноҳиявӣ Абдуфаттоҳ Қурбонов, Мирзошариф Шарифов, Дилшод Зокиров Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ супурда шуд.

Ғолибони иншои беҳтарин бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олӣ  – Сафина Ҳайдарова (хонандаи синфи 8, МТМУ рақами 38, ҷои якум),  ҷойи дуюм –  Субҳия Неъматова (хонандаи синфи 10, МТМУ рақами 22), Шаҳноза Боева (хонандаи синфи 11, МТМУ рақами 27), ҷойи сеюм – Дилноза Фузайлзода (хонандаи синфи 7, МТМУ рақами 17), Шаҳриносо Камолова (хонандаи синфи 10, МТМУ рақами 18), Фарзона Юсуфиён (хонандаи синфи 9, МТМУ рақами 8) бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол дар байни дастаҳои духтаронаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ  – дастаи МДТ Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ (ҷойи аввал), МТМУ рақами 1 (ҷойи дуюм), ЛКСК-и Мастчоҳ (ҷойи сеюм) ва дастаҳои  бахши фарҳанги ноҳия ва КДФ бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (барои иштироки фаъолона) Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ба ҳамсоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ  Кенжаева Шахноза Джурабой қизи – сокини хушбахти деҳоти Навбаҳор низ туҳфаи кумиҷроияи ноҳиявӣ супурда шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ қисмати расмии ҳамоиш хотима ёфта, қисмати фарҳангии он оғоз шуд, ки аз сурудҳои ватандӯстона ва оҳангу рақсҳои дилнишини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия иборат буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *