Рубрики
Асосӣ

МАСЧОҲ: ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Дар МТМУ №2 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Палдорак вохурӣ бо хонандагони синфҳои 9-11 баргузор гардид. Дар ин вохурӣ мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Мунира Ашӯрова иштирок дошт.

  Вохуриро омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус Заргина Самиева ифтитоҳ намуда, ҳадафу мақсади  онро шарҳ дод.

  Баъдан Мунира Ашӯрова доир ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрӯза ҳарф зада, таъкид дошт, ки ҷавононро зарур аст, ки вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонро дуруст дарк намуда, ба ҳар гуна видеову навор ва хабару мақолаҳои хусусияти ифротӣ дошта фирефта нашуда аз онҳо дар саҳифаҳои интернетӣ набояд ҷонибдорӣ намоянд.

   Дар идомаи суханронӣ номбурда иброз дошт, ки имрӯз барои ҷавонон имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Пас ҷавононро зарур аст, ки аз имкониятҳои фароҳамоварда аз ҷумла истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  самаранок истифода намоянд. Зеро истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти ҷавонон метавонад оқибатҳои ногувор оварда, доғ ба падару модар ва диёру Ватан гардад таъкид дошт мудири бахши кор бо занони кумиҷроия М. Ашӯрова.

М. НУЪМОНЗОДА,

«Нигоҳи халқ»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *