Рубрики
Асосӣ

МАСЧОҲ: Ёрии амалӣ ба ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ

Рӯзи гузашта бо мақсади расонидани ёрии методӣ гурӯҳи кори  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев ва мутахассиси шуъбаи иттилооти КИ ҲХДТ дар вилоят Нилуфар Умарова ба ноҳияи Мастчоҳ омада аз фаъолияти кории Кумиҷроияи ноҳиявӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои нақша-чорабиниҳо ва дигар корҳои дохилиҳизбӣ дидан намуданд. Ҳайати гурӯҳи кори нахуст дар бинои Кумиҷроияи ноҳиявӣ тамоми ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориро аз назар гузаронида, ҷиҳати беҳтар намудани кор бартараф намудани камбудиҳо дар рафти кору ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин оиди ислоҳи камбудиҳо дар ин раванд ба кормандони КИ ҲХДТ дар Мастчоҳ маслиҳатҳои методӣ ва дастурҳои муфид доданд. Пас аз боздид ва баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар самти корҳои ҳизб, гурӯҳи кори бо кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориро дар  ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Масчоҳ низ дида баромаданд. Инчунин дар моҳи шарифи Рамазон гурӯҳи корӣ  якчанд нафар маъюбону барҷомондагонро аёдат намуда ба онҳо иброз  намуданд, ки онҳо ҳамеша зери сарпарастии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.  Аёдатшавандагон аз ин иқдоми хайр  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *