Рубрики
Асосӣ

Мачлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ТИ «Сомониён»-и ноҳияи Чаббор Расулов

Санаи 21-уми июни соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии  ҲХДТ «Сомониён»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев иштирок кард.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи аз 01.06.2021 сол то 01.06.2022 сол шунида шуда, нақшаи фаъолият барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ баррасӣ гардиданд. Раиси ташкилоти ибтидоии «Сомониён» аз нав Узоқов Шукур Набиевич  интихоб гардид.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев дар маҷлис баромад намуда, оид ба тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона ва кӯча ба кӯча», дар бораи пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб пешниҳодҳои муфид дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *