Рубрики
Uncategorized

МАШВАРАТИ КОРИИ КОРМАНДОНИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар толори  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Дар машварат Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кормандон оид ба иҷро расонидани нақшаи обуна ба рӯзномаи “Минбари халқ” ва рӯзномаи “Сухани халқ” барои соли 2022, баҳри вусъат бахшидани ҷараёни  сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру наҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Ҷаббор Равсулов, ташкили қитаъи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ ба кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷоми машварат Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуд, ки дар мувофиқа бо КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Салимов Фирдавс Носирович ба вазифаи Роҳбари дастгоҳ- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таъин гардид. Мавсуф  ба Салимов Фирдавс  ба  вазифаи пурмасъул таъин гардиданаш барору комёбӣ таманно намуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *