Рубрики
Асосӣ

МАШВАРАТИ КОРИИ КОРМАНДОНИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Раиси Кумитаи иыроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои он фаъолияти худро мутобиқи дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талошу кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кормандон оид ба интизоми корӣ, ҷараёни сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳри Гулистон, Конибодом, Исфара ҳарф зада кормандоро вазифадор намуд, ки дар иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ пурмасъул бошанд. Мавсуф баҳри вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба эмкунии аҳоли зидди коронавирус, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ташкили қитаъи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, ба иҷро расонидани нақшаи обуна ба рӯзномаи ““Сухани халқ” барои соли 2022 ба аҳли кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷоми машварат Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барору комёбиҳо таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *