Имрӯз дар толори Кумитаи иыроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои он фаъолияти худро мутобиқи дастуру супориш ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талошу кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Раиси Кумитаи иҷроия ба кормандон оид ба интизоми корӣ, ҷараёни сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳри Гулистон, ҳарф зада кормандоро вазифадор намуд, ки дар иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ пурмасъул бошанд. Мавсуф баҳри вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба эмкунии аҳоли зидди коронавирус, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ташкили қитаъи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷоми машварат Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои пешбурди фаъолияти кории рӯзномаи “Сухани халқ” ба масъулини нашрияи “Сухани халқ” компютери замонавӣ тақдим намуда ба кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барору комёбиҳо таманно намуд.
Рубрики