Рубрики
Uncategorized

МАҚОЛА:Инъикоси масъалаҳои ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар паём

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рўйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрўзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрўву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерўву тавонӣ ва умед бахшидан ба ояндаи дурахшони Ватанамон аз омилҳои асосӣ гардид.

Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомўзи таърихӣ пушти сар шуд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо – ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузургро доро мебошанд. Бо ибораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои ҳассосу тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Бешубҳа, дар чунин шароит зарур аст, асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамоюлоти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавон имрўз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳамагуна манфиатҳо бартарӣ дошта, бо роҳу усули муосир ҷавобгў ба талаботи ҳаёти онҳо пойдевори тарбияи ватандўстиашонро фаро гирад.

Таҷрибаи ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто арзиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин фоҷеа эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои зираки сиёсӣ амалӣ намоянд.

Собит шудааст, ки дилхоҳ амалҳои манфӣ паёмадаш вобаста аз заъфи донишҳои сиёсист. Бинобар ҳамин, Пешвои миллат, ҷавононро ҳамеша хушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед.

Мутаассифона, имрўзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ ба якчанд амалҳои номатлуб ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабӣ даст зада, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳо муқобили манфиатҳои миллӣ буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрўзҳо характери умумимиллӣ пайдо кардааст.

Аслан ифрогароӣ худ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст ва ин падидаи номатлуб на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Дар ҷаҳони муосир якчанд созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористидошта, фаъолият менамоянд, ки аз ҳама даҳшатбори онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», ҳаракти «Ҳизб-ут-Таҳрир», ҳаракти «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ мебошад, ки хусусияти диниро ба худ касб намудаанд.

Ифрогароӣ ба маънии дигар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии фиротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифрогароӣ вобаста ба хусусияташ навъҳо ва шеваҳои гуногунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ бештар ба назар мерасад.

Мавриди ёдоварист, ки экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад, бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ», аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардида, онҳоро бо роҳи зурӣ тебои «Хилофат»-и худ намуданист. Ногуфта намонад, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ба ин гурўҳи даҳшатангез нерўи ҷавон лозим меояд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷавононро ба доми худ меафкананд.

Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрот хатои бузург ва хиёнат ба давлат буда, баракс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Таърихи тамаддун ва дастоварҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собид менамояд, ки омўзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушди пешрафти ҳар як кишвар аст. Бинобар он насли ҷавон ба сифати як нерўи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерўи демократии давлатро балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.  

Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳими тақдирсози кишварро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуда буданд. Вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати кишвар танҳо соли соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рў овард, балки сиёсати давлатии ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи Истиқлолиятро ташкил медиҳад. Зеро Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аввалин шуда, 13 марти соли 1992 қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд.

Дар ҳамин замина, бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати кишвар ҳисобида, ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон нерўи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони соҳибихтиёру демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати азизамон мебошанд».

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ- яъне соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат аст. Баҳри коҳиш додани зуҳуроти ифротгароӣ миёни ҷавонон ва даъвати ин қишр ба илму маориф, созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат, чораҳои зурурӣ андешида мешвад.

Ҷалби ҷавонон ба илму маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Паёми соли гузаштаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2020-2040 «Солҳои омўзиш ва рўшди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд. Ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.

Илова бар ин, бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат нисбат ба қишри ояндасози мамлакат дар кишвар як чанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисоли «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нодир таъсис дода шуд, ки натиҷаи хуб дар як муддати кўтоҳ ба бор овард.

Аз ин рў, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии болозикр, таъкид намуданд: «Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фуруғи маърифат» гузаронида шавад»

Эътироф намудани Пешвои миллат, шаҳодатгари он аст, ки ҷавонон воқеан ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд.

Дар интиҳо ҳамчун як ҷавон, ба ҷавонони кишвар таъкид намуда гуфтаниам: Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки ватандўст будан ин ҷон супоридан барои Ватан аст. Албатта ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ватандўстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла; доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман амале, ки манфиатбахш бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан басанда аст, ки зарарасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ фитихор дорем. Ифтихор намудан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, бо рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ифтихор кунад.

Мулломухтор МУЛЛОЕВ

таҳлилгар, корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бўстон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *