Рубрики
Uncategorized

Мақола: Истаравшан: Пайравони Пешвои миллатем

         Насли истиқлоли сулҳу ваҳдатем,

Пайравони Пешвои миллатем.

Имрӯзҳо шукрона аз истиқлолияти комилан устувори кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, ки аз нуру таровати он Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу сарсабз гашта, Ватани азизамон шӯҳрати комил ба даст оварда истодааст.

Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар беш аз пеш зиёд гардида истодааст.

Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, қувваю нерӯи бузург ва ояндаи давлату миллат мебошанд”.

Имрӯзҳо ҷавонони Истаравшани бостонӣ низ дар роҳи ободиву созандагӣ, рушди устувори кишвар бо донишу малака, ақлу заковат, далериву шуҷоатмандӣ бо ҷавонони саодатманди кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Мутаассифона имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.

Дарки нодурусти озодию демократия боиси он гардид, ки баъзе аз гурӯҳҳои ҷомеа алалхусус, бархе аз ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиребу фарҳанги динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

Намедонанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ба тартиботи ҷамъиятӣ хатари ҷиддӣ расонида, оқибатҳои нохушро ба бор меорад. Имрӯз мо бояд зуҳуроти номатлуби замони муосир-терроризмро пешгирӣ намоем.

Роҳ надиҳем, ки ҷавонон, рафиқону бародарони мо ба ин роҳи нодуруст раванд, талқин кунем, ки Ватан-модари азизи худро чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ кунанд ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошанд.

Мо, ҷавонон, пайрави арзандаи Пешвои миллат бошем! Бо Пешвои азизи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *