Рубрики
Асосӣ Мақола

МАҚОЛА: Тоҷикистон амнтарин кишвари ҷаҳон

Дар ҷаҳони пуртуфони муосир таҳкими худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ ҳамчун маҳаки асосии пойдории давлату миллат, иттиҳоду ягонагии халқ амри басо зарурӣ ба шумор меравад. Зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, манфиатҷӯйии қудратҳо, муборизаҳои идеологӣ ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ дар сурати ғафлат метавонанд суботи ҷомеаро халалдор созанд.

Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик дар партави сиёсати барозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти худшиносӣ, ҳифзи неъматҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои санҷидаву устувор гузоштааст. Чун дар оғози соҳибистиқлолӣ мо ба доми фитнаҳои қисматсӯзе уфтодем, ки пайомадҳои мусибатбораш барои ҳамеша дар ҳофизаи таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гаштааст. Ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта, ҳар лаҳза моро ҳушдор медиҳанд, ки аз макри душманон ғофил набошем, то дигарбора ҳолати парешонӣ ба миён наояд. Зеро, то ҳол тарроҳони ҳаводиси хунини он солҳо аз ҳадафҳои душманонаи худ даст набардошта, кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу усул байни мардум ҷудоӣ андозанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 бо ишора ба ҳамин масъала таъкид намуданд: “Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд”.

Зикри ин матлаб дар Паём, ки ҳуҷҷати сабзи зиндагии мост амри басо муҳиму ҳушдори саривақтӣ буд. Зеро дар давоми сол мо шоҳиди он будем, ки ин тоифаи ғаразҷӯ бо истифода аз камтарин фурсат мехостанд дар ҷомеаи озоду пешрафтаи мо тафриқа андозанд. Бешарафони “озодихоҳ”-е, ки бар ивази бадбахтии садҳо нафари ноогоҳ барои худ дар Аврупо бистари нарм дуруст карданд, соли ҷорӣ дар баробари ду ҳодиса – баҳси марзӣ бо Қирғизистон ва воқеаҳои Хоруғ ончунон алайҳи арзишҳои милливу ягонагии халқи тоҷик дасту остин барзадаанд, ки таърих чунин ҳамоқат (душманӣ бо халқи худро) дар ёд надорад. Онҳо дар баробари чунин ҳодисаҳо тавре қалам тез мекунанд, ки гӯё кор ба комашон шудаву акнун ба ҳадафҳои муғризонаи худ даст меёбанд. Ошкоро мардумро ба шӯр меандозанд ва ҷараёни ҳодисаҳоро бо дурӯғ, фарзияҳои сохтаву бофтаашон тавре бозтоб менамоянд, ки аз ақли солим дур аст. Вале тафриқасозон фаромӯш кардаанд, ки ҷомеаи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавре камол ёфтааст, ки ҳар нафар дар зеҳну шуури худ, ҳамагуна иттифоқотро огоҳона таҳлилу баррасӣ менамояд. Миёни неку бад фарқ мегузорад. Чеҳраи дӯсту душманро мешиносад, ҳадафи созандаро аз ниятҳои нопоку муғризона ҷудо мекунад.

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу суботи комил Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои азиму бесобиқае таҷлил намуданд, ки далелҳои гӯё даҳони ба ном “мухолифон”-ро муҳр зад. Онҳоро аз нуфузи сиёсии Роҳбари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ хобашон ҳаром асту аз ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳӣ ҷаҳонӣ ба шиддат изҳори нороҳатӣ мекунанд. Забонашон месӯзад, агар вобаста ба дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷии мо лаб во кунанд, вале дар мавриди ҳарфи бад нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон кафки даҳон мерезанд. Хушбахтона, гурӯҳи худбохтае, ки барои мардуми худогоҳу худшиноси тоҷик доғи миллат шинохта шудаанд, дар ҳар мавриде, ки вориди майдони муборизаҳои идеологӣ мешаванд, шикастхӯрда ба дар мешаванд. Чунки дунболи ҳадафҳои муғризона ва аз бунёд душманона ҳастанд.

Алорағми ин ҳама дасисаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати бунёдии Сарвари давлат ба самту уфуқҳои нав ба нави рушд ҳаракат дорад. Ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи байналмилалӣ эътирофи баланди сиёсӣ ба даст оварда, аз сарзамини замоне ҷангзада ҳоло ба амнтарин кишвари сайёра табдил шудааст. Далели ин амр чанде пеш аз ҷониби Маркази таҳлилии амрикоии “Gallup” дувумин кишвари амнтарини сайёра эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин маркази пажӯҳишӣ дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё дар радабандии амнтарин кишварҳои олам ба Тоҷикистон мақоми дуюмро ихтисос дод. Яъне, тибқи ин назарсанҷӣ баъд аз Сингапур Тоҷикистон дувумин кишваре дар олам аст, ки аз нигоҳи амну осоиш мақоми баланд дорад. Ва ин ҳам бори аввал нест, ки марказҳои муътабари омӯзишӣ ва созмонҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баҳо медиҳанд. Чунончи, соли 2019 ҳам, дар рада-бандии маҷаллаи байналмилалии молиявии англисии «Global Finance» кишвари мо дар рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо дар канори ҳамсояи ноороме қарор дорем, ки даргириҳои беш аз чиҳисола дар он идома доранд.

Ҳоло касе суботи моро халалдор карданист, яқин пеши иродаи устувори Пешвои муаззами миллат ва мардуми шарафманди тоҷик шикаст хоҳад хӯрд. Дар навбати худ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари тавтеаи душманон зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надода, дар партави нишондодҳои Сарвари давлат амал карда, бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот талош намоем.

Мадина НАБИЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»

Аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *