Рубрики
Асосӣ Мақола

Мақола: ТОҶИКИСТОН-ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД!

Андар ин дуне ҳаёт аз Ваҳдат аст,

Созу барги коинот аз  Ваҳдат аст.

    Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ пешравӣ ва осоиштагии  Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва тифоқӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси ҲХДТ , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор  аст.

    Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

   Танҳо дар сурати доштани ваҳдат  душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт  меравад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

   Мо ҷавонони  хушбахти замони Истиқлол аз ободиву осоиштагии Ватани азизамон меболему мефахрем ва маҳз ба ҳамин хотир ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии хеш мешуморем. Зарур аст, моҳият ва мафҳуми ватану ватандорӣ Истиқлолияту худшиносӣ , Ваҳдату ягонагӣ дар умқи қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва хотири қаҳрамониву  фидокориҳои абармардони баруманди Ватани азизамон дар роҳи пойдории мустақилияту ваҳдати Тоҷикистон пос дошта шавад, то ин ки кохи боҳашамати Ваҳдати миллӣ бегазанд бимонад. Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод!

Махкамова Нилуфар

котиби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар филиали бонки давлатии Амонатбонк дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *