Дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон эҷоди низоми ҷадиди иқтисодӣ – низоме, ки ба таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти кишвар ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ роҳро ҳамвор менамояд, аз аслҳои бунёдгузор ба шумор меравад.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии равандҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудааст. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва роҳу нақлиёт вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Мавриди қайд аст, ки ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷати асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст, ки тибқи он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шудааст.
Барои расиданд ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шудаанд:
– таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
– раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;
– таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
– саноатикунонии босуръати кишвар.
Бояд қайд намуд, ки таърихи иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ се марҳилаи асосии иқтисодиро дар бар мегирад: марҳилаи буҳрон, муътадилшавӣ ва марҳилаи рушд. Ин марҳилаҳо дорои хусусиятҳои хоси иқтисодӣ буда, аз хисороти иқтисодии давраи ҷанги шаҳрвандӣ, то корҳои барқарорсозию бунёдкорӣ ва таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро фаро мегиранд.
Дар маҷмӯъ, аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил гардид.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 1995-2020
(бо миллиард сомонӣ)

Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар аз 700 миллион сомонии соли 1995 ба 82,5 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расид, ки ин зиёда аз 100 маротиба афзудани нишондиҳандаи мазкурро шаҳодат медиҳад.
ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар солҳои 1991-2020
(бо сомонӣ)

Нишондиҳандаи дигари муҳимми макроиқтисодӣ – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ – бошад, дар давоми ду даҳсолаи охир аз 288,7 сомонӣ ба ҳар нафар дар соли 2000, то ба 8505,2 сомонӣ дар соли 2020 расид, ки зиёдшавии он дар ин марҳила 29,5 маротибаро ташкил менамояд.
Бояд зикр намуд, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, кадоме дар давраҳои гуногун ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба таври назаррас таъсири манфӣ расониданд, бо туфайли татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои зиддибӯҳронӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва амалӣ гардиданд, имкон фароҳам оварда шуд, ки рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 % таъмин гардад.
Дараҷаи рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
(бо % нисбати соли гузашта)

Дигар аз нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ ин сатҳи камбизоатии мамлакат мебошад.
Тамоюли пастшавии сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999-2020

Бояд зикр кард, ки татбиқи босамари барномаҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 25,3 % дар соли 2020 коҳиш ёбад.
Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар байни 82 давлати рӯ ба рушд қарордошта аввалин кишварест, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои солҳои 2007-2020 таҳия намуда, иҷрои муваффақонаи онро таъмин намудааст. Дар давоми танҳо 7 соли охир барои амалӣ намудани Стратегияи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 41,6 миллиард сомонӣ (13 миллиард доллари амрикоӣ) пешбинӣ шуда буд, ки истифодаи мақсадноки он низоми иқтисоди мамлакатро тақвият бахшид.
Бояд гуфт, ки даромади буҷети давлатӣ низ ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми иқтисодӣ баъд аз соҳибистиқлолӣ сол то сол афзуда истодааст. Нишондиҳандаи мазкур агар дар соли 1995 як миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2020 он ба зиёда аз 23,6 миллиард сомонӣ расид, ки 236 маротиба афзудааст.
Даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2020 (миллиард сомонӣ)

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегияи миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, дар доираи он афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, идоракунии самараноки захираҳои об, ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин муайян карда шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас дорад.
Инчунин бо назардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд, ки ин тадбир ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мусоидат намуда, ин нишондиҳанда то 33,6 миллиард сомони расонида шуд. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона ва лӯбиёгӣ 4,6 маротиба, картошка 5,5 маротиба, сабзавот 3,4 маротиба, полизии озуқаворӣ беш аз 4 маротиба зиёд гардид.
Ҳалли масъалаҳои муҳим, аз қабили зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои наву бекорхобида, бунёди кластерҳои агросаноатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда пурра амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифатро дар кишвар таъмин менамояд.
Аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз афзалиятҳои рушд муайян намуд.
Вобаста ба ин Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон коркард шудааст, ки он ду самти асоси фаъолияти соҳаро муайян менамояд:
якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.
Маврид ба зикр аст, солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуд ва дар натиҷа Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.
Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Корҳои дар ин самт анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.
Ҳамчунин, 6-уми августи соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар Саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар масъалаи рушду густариши муносибатҳои кишварҳои минтақаро ҷиҳати ташкили долони нақлиётӣ ва баромадан ба баҳри Хазар ибрози андеша намуданд, ки он баҳри расидан ба ҳадафи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика, рушди он ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1», агрегатҳои 1 ва 2-юми НБО-и “Роғун” ва идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Сангтӯда-2», агрегатҳои дигари НБО-и «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург иқтидори энергетикии кишварро ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ин давра аз 17 миллиард киловатт-соат то 21 миллиард киловатт-соат афзоиш дода шуд.
Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил гардид.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуда, аз ҷониби Сарвари давлат саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорум эълон карда шудааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ агар дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, ин нишондиҳанда дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба 2274 адад расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли оянда бояд ба 3500 адад расонида шавад.
Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакат фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшид.
Бояд қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намуданд, ки “Дар зарфи се даҳсолаи охир мо ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад”.
Дар маҷмӯъ, тафсири нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои иқтисодии он дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, роҳ ба сӯи рушду нумӯъ пеш гирифтааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки саҳми вилояти Суғд дар пешрафти иқтисодии мамлакат ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ хеле назаррас буда, бо иқтидори иқтисодӣ, кишоварзию саноатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
Шарифзода Муъмин Машокир,
ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳоли итқтисодӣ,
профессор, узви Кумитаи марказии ҲХДТ