Рубрики
Асосӣ Мақола

МАҚОЛА: Ҷаҳонишавӣ -тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавонон аз косташавии ахлоқ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамасола Паём ва баромдаҳои худ зикр мекунанд, ки “Аксарияти аҳолии моро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кор фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.[1,с28]

Мусаллам аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдоди, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

 Ва дар нуқтаи дигар Президенти кишвар зикр намудаанд, ки   “Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамояд. Иқтидори зеҳнӣ ва маънавию ахлоқӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ҷомеаро пайваста пеш мебарад. Мо сиёсати давлатдории худро тавре ба роҳ монданӣ ҳастем, ки равандҳои ислоҳоти иқтисодӣ бо камолоти маънавӣ, покизагии ахлоқӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа дар ҳамоҳангӣ ва пайвастагии доимӣ ҷараён дошта бошанд”. [1,с.32]

Афсӯс, ки имрӯз бо баробари пешрафти ҷомеа паҳлӯҳои манфии он низ рушд намуда истодаанд, ки яке аз онҳо ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия.

Ҷаҳонишавӣ бевосита ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида насли ҷавон метавонад ҳар як тағйироте, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ мепайвандад нодуруст дарк намояд, ки он оқибат ба косташавии ахлоқ оварда мерасонад.

Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ моҳияти ҷаҳонишавиро чунин баҳогузорӣ намуда буданд, ки “Ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб, талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд”.[3,с22]

Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Дар ҳар гуна ҳолат дар замони муосир ниҳодҳое, ҳастанд, ки  бояд якҷо бо расонаҳои миллии иттилоотӣ нерӯву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки вуҷуди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда, нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд. Натиҷаи як пурсиши варақавие, ки соли 2019 дар байни ашхоси аз 18 то 30 сола дар ш. Хуҷанд гузаронида шудааст (теъдоди пурсидашудагон 2000 н.) ба саволи “Ба фикри Шумо кадоме аз ин омилҳо бештар ба коҳишёбии ахлоқ таъсир мерасонад?” ҷавобҳо чунин буданд:

Миқдори омилҳои коҳишёбии ахлоқ Бо фоиз
1. Паст будани сатҳи илму дониш         30,4 %
2. Аз китобхона дур будан    18, 5%
3. Таъсири Интернет, телефони мобилӣ       20,2%
4. Коҳиш ёфтани нақши оила       12,5%
5. Вазъи тарбия дар мактаб           3,2%
6. Муҳоҷирати меҳнатӣ ва беназорат мондани фарзандон [4,с.122]. 24,4%

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат нуқтаҳои муҳимро иброз карданд, ки “Мо мехоҳем бо симои хоси милливу фарҳангии хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунем ва дар он мақоми шоиста дошта бошем. Дар ин самт мо дастовардҳои назаррас дорем ва дастгириву пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гувоҳи мавқеи устувори мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

…ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баракс онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд.Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд ё онҳоро аз нав эҳё намоянд”.[5, с.32]

Бояд зикр намуд, ки ин ҷо сухан нафақат дар бобати падидаҳои зоҳирӣ, аз қабили сарулибос, одоби муошират, нишасту хез меравад, балки бештар дар хусуси ҷаҳонбинии миллии ахлоқӣ ва эътиқодоти маънавист, ки дар шароити муосир аҳамияти бағоят бузургро соҳиб мебошанд рафта истодааст, ки барои дарки ҳисси масъулитшиносии ҷавонон нақши бузург мебозад.

Бо дарназардошти ин, мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар тарбияи хонаводагӣ  низ мебинем. Дар ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар натиҷаи матлуб ба даст меояд ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегардад. 

Мулоқоти Директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои ҳуқуқушиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ.бо устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ дар мавзӯи “нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлати миллӣ: самти пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ”, ки санаи 24 – уми майи соли 2021 баргузор гардида буд, таъкид намуда буданд, ки “коҳишёбии ахлоқ аз бисёр омилҳо вобаста мебошад. Дар замони муосир чунин муаммоҳо ба монанди бекорӣ, камбизоатӣ, бемориҳои сирояткунанда, таасуби динӣ, ноҷўриҳои оилавӣ, мавқеи бетарафии ҷомеа аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ва ғайраҳо аз ҷумла иллатҳои коҳишёбии ахлоқ мебошанд”.  қайд кардан ҷоиз аст, ки ахлоқ ва ҳуқуқ мафҳумҳои бо якдигар алоқаманд мебошанд. Онҳо гуногуншаклии зуҳури меъёрҳо, механизми назоратӣ ва танзими рафтори иҷтимоӣ мебошанд. Агар ҳуқуқ ба рафтору кирдори одамон тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таъсир расонад, ахлоқ бошад ба расму оин афкори умум ва ғаризаҳои ботинии инсон вобаста мебошад. Мавриди зикр аст, ки коҳишёбии ахлоқро мисли ҳуқуқвайронкунӣ бо рақаму фоиз чен карда намешавад, вай фақат дар рафтору кирдори одамон зуҳур меёбад. Дар раванди як таҳқиқот маълум гашт, ки сатҳи маълумотнокии падару модар ба ахлоқи фарзандон вобастагии амиқ дорад. Пурсиши варақавие, ки соли хониши 2019-2020 байни донишҷўёни ДДҲБСТ гузаронида шуд, ин вобастагиро тасдиқ намуд. Маълум гардид, ки:

– коҳишёбии ахлоқ, хоса дар байни наврасон ва ҷавонон, бевосита ба сатҳи маълумотнокии волидайн вобаста мебошад;

– бисёр унсурҳои каҷрафторӣ, аз ҷумла сигоркашӣ, майзадагӣ, муносибати дағалро ҷавонон дар оила касб менамоянд. Аз ин рў, волидайн дар назди фарзандон аз чунин рафторҳо худдорӣ намоянд ва дар оила фазои солими ҳамдигарфаҳмиро таъмин намоянд;

– волидайн бояд истифодаи фарзандонашонро аз шабакаҳои иҷтимоии интернет, телефонҳои мобилӣ, моҳвораҳои телевизионӣ назорат намоянд;

– волидайн барои дар ниҳоди фарзандон ташаккул додани меъёрҳои ахлоқи ҳамида кўшиш ба харҷ диҳанд.

    Ин нуқта ба мо имконият медиҳад хулоса намоем, ки синну соли наврасӣ ва ҷавонӣ давраи хеле ҳассос буда, ба онҳо бештар хатари коҳишёбии ахлоқ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, давраи наврасӣ ва ҷавонӣ яке аз зинаҳои муҳими ташаккули шахсияти инсон мебошад. Ин давраест, ки худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти иҷтимоии шахс ташаккул меёбад. Вале бояд дар назар дошт, ки ин ниёзмандӣ инсонро ҳам сўи ахлоқи ҳамида ва ҳам ахлоқи разила ҳидоят карданаш мумкин аст. Аз нигоҳи мо, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ахлоқ ба фазои маънавие табдил ёфтааст, ки кучактарин тағйирёбиро дар ҳаёти ҷомеа эҳсос намуда, дар муносибат, рафтору кирдори одамон инъикос меёбад.    Аз ин боис, намояндагони баъзе қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла ҷавонон, дар баҳодиҳӣ, интихоб ва муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ба хатогиҳо роҳ медиҳанд ва баъзе аз онҳо сӯи ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳои хислати радикализми динӣ ва экстремистӣ дошта майл менамоянд.  

Алоқаи дин ба тарзи анъанавии ҳаёти миллати тоҷик таърихан хос будааст. Оғоз аз дини зардуштия то ба ислом арзишҳои воло ба мисли ба ҷо овардани ҳурмати падару модар, калонсолон ҳалолкорӣ, покизаву фозил будан, ба моли дигарон хиёнат накардан, тарбияи фарзанди оқил ва ғайраҳо нуктаҳои бунёдии дин буданд ва ҳастанд.  

Омўзишҳо собит менамоянд, ки дар ин раванд воситаҳои ахбори умум нақши муассир доранд. Таҳлили барномаҳои шабакаҳои телевизиони тоҷик нишон медиҳад, ки фақат дар Шабакаи якум дар давоми як сол якчанд намоишҳо ба вазъ ва рушди маънавияти ҷомеа бахшида шудааст. Пурсиши варақавӣ, ки байни 2000 нафар калонсолон гузаронида шуд, маълум намуд, ки 86% каҷрафториҳои дар ахлоқи ҷавонон зери таъсири манфии интернет- сайтҳо ва телефонҳои мобилӣ рух медиҳанд.[4,с.129]

Дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба ҳуввияти миллии хеш ва даст кашидан аз қабули мафкураи дигар мебошад.

Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда, Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳанд, ватандўсту ватанпарвар бошанд, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунанд ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намоянд”. [6,с.21]     

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки, “то замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрӯз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рӯи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем.

Муҳимтарин омил дар инкишофи ҳуввияти миллӣ ин китобхонӣ, китобдорӣ аст. Беҳтарин     дастоварди  инсоният    кашфи  китоб  аст.  Ва  онро   хазинаи   хиради  умумибашарӣ    ном  мебаранд.   Барои    тамаддунофари   халқи   тоҷик   аз  муқаддосоти   миллат   ба  ҳисоб  меравад”[6,с.23].

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид, ки тӯҳфаи бебаҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистон буда аз он дарак медиҳад, ки мо фарзадонамонро ҳушёр созем, ки маҳз китоб хондан инсонро шахси комил намуда арзиши маънавияшро бой мегардонад. Танҳо омӯзиш таърих сабақи асосии зиндагӣ буда гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзаро бо фардо мепайвандад.

Олим ва арбоби давлатӣ С.Ятимов мўътақид аст, ки “ҷавҳари маънии ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи омўхтани илм донистани ҳақиқати зиндагӣ, фаҳмидани омилҳои аслии пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур, ба хулосаи барварзн ба воқеият расидан, осон кардан ва рушди ҳаёти ҷомеа аст. Ба тарзи дигар, фақат дониш аст, ки метовонад ҳамзамон бо дарки ҳақиқат роҳкушои  мушкилот ва воситаи барканор кардани сабабҳое бошад, ки дар ҳаёти ҷомеа  монеа ба вуҷуд меоранд”.[7, с.81]

 Аз  ин  лиҳоз   Асосгузорӣ  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Паёми  худ  ба  Маҷлиси  Олӣ   рўзи  26  декабри  соли   2019   дар   масоили   муҳими  давлатӣ,  инчунин,  ба  раванди  таълиму  тарбия,  китобхон   гаштани    толибилмон  дар  ҳамаи     зинаҳои  таҳсилот  эътибори  ҷиддӣ  дода  таъкид  кардаанд ки, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Чунки тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад.

Доир ба масъалаи мазкур Сарвари миллат дар Рӯзи дониш ба Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор намуданд, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.

Дар  ҳақиқат    вазифаҳои  асосӣ   ва масъулиятноки  мураббиёни   муассисаҳои   тарбияи  томактабӣ  ва  мактабӣ ва мактаби олӣ    дар  замири   тарбиятгирандагон   ба  вуҷуд   овардан   ва  ташаккул  додани   завқи  китобхонӣ  мебошад.     

Дар  Паёми  Пешвои  миллат  вобаста  китобхонӣ   ба  китобхона  низ  таваҷҷуҳи  хоса  доданд:  “Китобхонаҳо   бояд    маркази  муҳими  фарҳангӣ  тадбил  дода  шаванд,  зеро   китоб  маҳсули  ақлу  заковати  мардуми   соҳибтамаддун,  омили  асосиии  ҳифзи  фарҳанги  миллӣ  ва  яке  аз  муҳимтарин    воситаи  маърифатнок  кардани   аҳли    ҷомеа  буда,  қобилияти  сухандониву   суханрониро  сайқал   медиҳад,  доираи   андешаву  тафаккур  ва  ҷаҳонбинии    инсонро  васеъ  ва  ўро  ба  роҳи  дурустӣ  зиндагӣ    раҳнам мекунад”.[5,с.41]

Тарбияи  фарзанд   муҳимтарин   рисолати  волидайн  ба  ҳисоб  рафта,  аз  нахустин  рўзҳои   тавлиди    инсон   оѓоз  меёбад.  Ташаккули  шахсияти  кўдак  дар  муҳити  хонавода   ва  хешованони   наздик   шурўъ  мешавад.  Бояд  қайд  кард,  ки    имрўз  шароити  муҳиту    тарбия    куллӣ   таѓйир  ёфтааст.

Чунонки   тадқиқотҳо  нишон  медиҳанд,   аксаран   падару  модарон  усулу   равишҳои   тарбияро,  ки  пештар   дар   хонаводаҳо  маъмул  буд,    пайгирӣ  мекунанд.  Дар  тарбия,  албатта,  расму   анъана  муҳим  аст,  вале  иктифо  ба  онҳо    кофӣ  нест.  Падару  модар   бояд  аз   баъзе    усулу     тадбирҳои  педагогӣ    воқиф  бошанд,  муҳимтарин    назрияҳои  илми  педагогика,  психология  ва  физиологияро  донанд.

Вазъияти   иҷтимоӣ –фарҳангии   имрўза    аз   ҳар  як  волидайн    тақозо  мекунад,  ки    дар  қалби  фарзадону    наздикони  худ   меҳри китобу  мутолиавии  онро  пайваста    парвариш  намояд. Айни  замон    дар  назди  ҷомеа  вазифаи    дар  ниҳоди    насли  ҷавонон   бедор  кардани  шавқу  ҳаваси  китобхонӣ  ва  аз  ҷавҳари  ақлонӣ,    илмӣ  ва  маънавиии  китобҳои   арзишманд   баҳраманд    гардондани    онҳо  қарор  дорад.  Зеро  маҳз    дар  китобҳо,   мутоила  ва  таҳлили    ҷиддии   онҳо  асрори   ривоҷи  истеъдодҳо  ва   ташаккули  ахлоқу    маънавиёти  волои  мардуми   халқи  тоҷик  нуҳуфтааст.

Имрӯз дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол як қтор озмунҳо ба монанди “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доноӣ” баргузор гардида истодааст, ки фарзандон дар вақтҳои фориғ аз дарс ва корҳои хона вақти худро беҳуда нагузаронанду савияи дониши худро васеъ намоянд.

Ба ҳамин нуқтаҳо қайд намудан ба маврид аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли ҷавони имрӯза барои расидан ба қадри обу хоки ҳамин меҳан, барои расидан ба қадри хуни рехтаи гузаштагони ҳамин миллат ба беҳтарин шоистатарин кор рӯй оварданд, яъне эҷод намудани китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ё худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” худ гувоҳи ҳамин нуқтаҳо мебошанд.

                                             Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

                                  ректори МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров-аъзои ҲХДТ

Пӯлотова Мунзифа Абдусатторовна

                                муаллимаи калони  ДДҲБСТ-аъзои  ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *