Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила тасмим гирифтанд,ки маҳфили тарибиявии сайёр таҳти унвони “Оинаи ибрат”-ро дар оилаҳои намунавию беҳтарини шаҳри Конибодом бо иштироки насли ҷавон, наварӯсону хушдоманҳо роҳандозӣ намоянд.
Маҳфили навбатӣ дар арафаи Рузи оила дар хонаводаи нафарони шинохта,устодони варзида оилаи намунавии шаҳр, Дадохон Ализода ва Рафоат Инъомӣ, ки ҳарду собиқадори соҳаи маориф ҳастанд, баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷавонони фаъоли шаҳр, узви курси захиравии назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ҷавондухтарони коллеҷу литсейҳои шаҳр ҳузур доштанд. Зимни мулоқот қаҳрамонони маҳфили сайёр бобати нозукиҳои оилаву оиладорӣ ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки таҳаммулпазириро бештар пешаи худ дар зиндагӣ намоянд, эҳтироми худ ва атрофиёнро ба хубӣ ба ҷо оранд ва сарфакору сариштакор бошанд. Ҳамчунин аз ҳаёти ибратбахши хеш мисолҳо оварда, ҳамфикру ҳамақида ва босабру таҳаммул будани якдигарро дар аксар лаҳзаҳои зиндагӣ боиси хушбахтии оилаи худ донистанд.
Маҳфили “Оинаи ибрат” бобати таҷрибаи рӯзгори нафарони барӯманди диёр боиси суҳбати озоди иштирокдорон гардид ва тавонистанд, ки ба суолҳои хеш посухҳои маслиҳатомез бигиранд.