Рубрики
Uncategorized

МАҲФИЛИ САЙЁР: “ОИНАИ ИБРАТ”

Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила тасмим гирифтанд,ки маҳфили тарибиявии сайёр таҳти унвони “Оинаи ибрат”-ро дар оилаҳои намунавию беҳтарини шаҳри Конибодом бо иштироки насли ҷавон, наварӯсону хушдоманҳо роҳандозӣ намоянд.

Маҳфили ифтитоҳӣ дар хонаводаи нафарони шинохта,оилаи намунавии шаҳр, Аюби Бобозод ва Садриддинова Фароғатхон, ки ҳарду собиқадори соҳаи тандурустӣ ҳастанд, баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷавонони фаъоли шаҳр, узви курси захиравии назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ҷавондухтарони коллеҷу литсейҳои шаҳр ҳузур доштанд. Зимни мулоқот қаҳрамонони маҳфили сайёр бобати нозукиҳои оилаву оиладорӣ ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки таҳаммулпазириро бештар пешаи худ дар зиндагӣ намоянд, эҳтироми худ ва атрофиёнро ба хубӣ ба ҷо оранд ва сарфакору сариштакор бошанд.

Маҳфили “Оинаи ибрат” бобати таҷрибаи рӯзгори нафарони барӯманди диёр боиси суҳбати озоди иштирокдорон гардид ва тавонистанд, ки ба суолҳои хеш посухҳои маслиҳатомез бигиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *