Тибқи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонону наврасони навовару эҷодкор санаи 18.05.2021 маҳфил таҳти унвони “Хаёли сабз” баргузор гардид. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҳадафи баргузории маҳфилро баҳри афзудани завқи эҷодкорӣ, дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ арзёбӣ намуд. Ҳамчунин дар чорабинӣ муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Конибодом” Марҳабо Муллоҷонова иштирок ва перомуни сухану суханварӣ, назму наср ва мавзӯъҳои интихобкардаи иштирокдорон мулоқот намуданд. Ҷавонон як- як аз эҷоди худ шеъру ҳикояҳо қироат намуда, ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Мадина Қодирова-хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии №23, иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ашъори шогирдонаи худро пешкаши иштирокдорон гардонида, мухаммас дар пайравии ғазали Ҳофизи Шерозӣ қироат намуд, ки мазмуни хубу шеърияти равон дошт.
Дар рафти чорабинӣ ба навқаламон як мисраи шеърӣ дода шуд ва онҳо ба навиштани мисраҳои шеърии дигар идома бахшиданд. Ҳамин тариқ маҳфил хотирмон анҷом ёфт.