Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР ТОЛОРИ ХУРДИ МАҶЛИСГОҲИ МИҲД-И НОҲИЯИ АЙНӢ

, МАҶЛИСИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД, КИ ДАР КОРИ ОН АЪЗОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ, МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ ГУЛСАРА ЗОКИРЗОДА, РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ РУЗИБОЙ РАҲИМЗОДА, САРДОРИ РАЁСАТИ МОЛИЯ ДАР НОҲИЯ ОЛМАҲМАДЗОДА ШАҲРУЛЛО, РАИСОНИ ТАШКИЛОТХОИ ИБТИДОӢ, МУДИРОНИ ШУЪБАВУ БАХШҲОИ МИҲД-И НОҲИЯ ВА КУМИҶРОИЯ ИШТИРОК НАМУДАНД. ДАР ҶАРАЁНИ МАҶЛИС, ДАСТОВАРДҲОИ КУМИҶРОИЯ, РАФТИ ИҶРОИ НАҚШАИ ОБУНА БА НАШРИЯҲОИ ҲИЗБӢ, ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ, ИҶРОИ ФАРМОИШИ КИВ АЗ 12 ЯНВАРИ СОЛИ 2021 ТАҲТИ №1 ВА ДИГАР МАСЪАЛАҲОИ ҶОРӢ МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ДОДА ШУДАНД. ЗИМНИ БАРОМАД, РАИСИ КУМИҶРОИЯ, ОИДИ ТАРҒИБУ ТАШФИҚИ НУҚТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ТАДБИРҲОИ АНДЕШИДА ДАР САМТИ ҚАБУЛ БА УЗВИЯТИ ҲХДТ, МАСЪАЛАҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ, ТАЪМИНИ ЗАМИНАИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ, ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН, ТАДБИРҲО ОИД БА КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ҶИҲАТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАИИ ШАҲРВАНДОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ, ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ НАШРИЯИҲОИ ҲИЗБӢ ВА ҲАМКОРӢ БО ВАО, РАФТИ МАЪРАКАИ ОБУНА, НАШРИ МАҚОЛАВУ АНДЕШАҲО, ВОКУНИШҲОИ САРИВАҚТӢ БА МАВОДҲОИ МУҒРИЗОНАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ, САМТИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ, ДАСТГИРИИ МОДДИВУ МАЪНАВИИ НИЁЗМАНДОН, ФАЪОЛИЯТИ ҚАБУЛГОҲИ ҶАМЪИЯТӢ, ИҶРОИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ, ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ТАРҒИБОТӢ АЗ ҲИСОБИ ҶАВОНОН, ЗАНОН, СОБИҚАДОРОН, ГУРӮҲИ КИБЕРДРУЖИНА, БУРДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС, ИҶРОИ ФАРМОИШИ КИВ МАЪЛУМОТ ДОДАНД.МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ ГУЛСАРА ЗОКИРЗОДА СУХАНРОНӢ НАМУДА, ДОИР БА ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ, ПЕШГИРИИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ, БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО АНДЕШАРОНӢ НАМУДА, БА ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДАИ КУМИҶРОИЯ КОМЁБИҲОИ НАВ БА НАВРО ТАМАННО НАМУДАНД. ДАР ИНТИҲО, ОИД БА САФИ ҲХДТ ШОМИЛ НАМУДАН, АЗ ҚАЙД БАРОВАРДАНИ ФАВТИДАГОН ВА ДАСТГИРИИ ҲАМЕШАГИИ НАМУДАН БА МАЪЮБИ ГУРӮҲИ ЯКУМ АНИСАИ УЛҶӢ ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ КАРДА ШУД.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *