Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барпо гардид.Дар кори ҷаласа аъзои кумитаи иҷроия, раисони Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.Дар маҷлис чор масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.1. Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар нӯҳ моҳи соли 2021 2. Рафти иҷроиши нақшаи меъёри обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Афкори халқ» 3. Мусоидат дар муташаккилона доир гаштани даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ4. Рафти иҷроиши фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 12.01.2021 №1 «Дар бораи баргузории озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаҳои беҳтарин» Аз рӯи масъалаи якум ҳозирин маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифовичро шуниданд. Масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гаштанд. Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда маҷлиси Кумитаи иҷроия як қатор қарорҳоро қабул намуд.Дар охир ба якчанд нафар фаъолон, ки ба сафи ҲХДТ аъзо гаштанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо таври тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *