Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси машваратии назди Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси машваратии назди Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои КИ ҲХДТ, роҳбарони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, муҳосибон ва кормандони омор баргузор гардид. Дар сарсухани хеш Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки мо бояд шукргузор аз соҳибистиқлолии кишвар бошем ва бо рӯҳу илҳоми тоза баҳри ободии меҳани азиз заҳмат кашем.
Дар машварат мавсуф оид ба масъалаҳои фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” давоми нӯҳ моҳи соли 2021, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва муқоисаи воқеии он мувофиқи маълумоти раёсату шуъбаи омори шаҳру ноҳияҳо ва таҳлили қабули аъзо ба сафи ҳизб давоми нӯҳ моҳи соли равон, рафти иҷрои фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 12 январи соли 2021 таҳти рақами №1 “Дар бораи баргузории озмуни вилоятии кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шӯъбаҳои беҳтарин”, рафти иҷрои меъёри обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, сухан намуда, онҳоро таҳлилу баррасӣ намуд ва ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон кормандонро вазифадор намуда, таъкид кард, ки баҳри вусъат бахшидани ҷараёни сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Ҷаббор Равсулов, ташкили қитъаи заминҳои ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ пурмасъул бошанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба иҷрои саривақтии нақшаи обуна барои соли 2022 ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизбӣ васоити ахбори омма нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд нашрияҳои ҳизбии марказиву вилоятӣ нақши босазо дошта, барои иҷрои саривақтии нақшаи обуна барои соли 2022 корҳоро ҷоннок намоянд.
Бо ҳамин ба ҷаласаи машваратии назди Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *