Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маҷлиси машваратии назди раиси Кумита баргузор гардид.
Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маъмурова Равшаной ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои гурӯҳхои кории ҳизбӣ оид ба гардиши хона ба хона, тақвият бахшидани ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, босифат гузаронидани амалиёти «Шаҳодатномаи ман –ифтихори ман» ва ба ин васила баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ба масъулин дастуру маслиҳатҳои корӣ дод.
Зимни машварати корӣ қайд карда шуд, ки маъракаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» мувофиқи ноҳияи Деваштич оғоз гардида, вобаста ба ин ҳар як масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо дарки масъулияти баланд фаъолияти худро ба роҳ монад.