Рубрики
Асосӣ

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИМ ҲХДТ

Имрӯз дар толори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, баъзе раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок намуданд.

Рӯзномаи маҷлис аз 8 масъала иборат буд. Аз рӯйи масъалаи якум – дар бораи натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 гузориши роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон фаъолияти худро оид ба татбиқи қарорҳои Анҷумани XIII ва XIV ҳизб, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақша-чорабиниҳое, ки дар ибтидои соли 2021 тасдиқ карда шуда буд, ба роҳ монда, як силсила корҳоро ба анҷом расониданд.

Фаъолияти тамоми сохторҳои ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2021 асосан ба омодагӣ ба баргузории ҷашни шукӯҳманди Ватан – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар давоми нимсолаи соли равон гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии назди Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроия дар вилояту шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ, аъзои кумитаҳои иҷроия ва фаъолони ҳизб дар маҳалҳо баҳри таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мулоқоту машваратҳо баргузор намуданд.

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизб ҳамеша талош менамояд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифини сиёсӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасанд, фаъолона корбарӣ намуда,вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони масъули ҳизбӣ дар фаъолияти касбии худ усулҳои замонавии кор бо ВАО-ро хеле хуб мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода, ба маводи интиқодии ғаразноку бебунёд ҳамеша ҷавоби муносибу асоснок медиҳанд.

Ҳамаи кумитаҳои иҷроия дар шабакаи маъмултарини иҷтимоӣ – Facebook саҳифаи худро дошта, сари вақт хонандагони олами маҷозиро аз навигарию рӯйдодҳои дохилиҳизбӣ бохабар мекунанд ва ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ ва муғризонае, ки дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа низои динию мазҳабӣ ва нажодӣ бармеангезанд, посухи муносиб медиҳанд.

Зимни баромади худ Абдураҳмон Хонзода ишора намуд, ки дар шароити имрӯза муборизаҳои иттилоотӣ боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар ин замина, дарёфти роҳҳои муосири муқовимат ва усулҳои пешгирии онҳо амри зарурӣ ба ҳисоб рафта, мавриди омӯзиш қарор додани таҷрибаи пешқадами кишварҳои алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд.

Яке аз иқдомҳои ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроия дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар тайи солҳои охир, хусусан дар нимсолаи якуми соли 2021 тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст.

Бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии ҳизб бо иштироки оммаи васеи мардум баргузории ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҷараёни он роҳу кӯчаҳо, боғу гулгаштҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо тозаву озода карда мешаванд. Ин иқдом дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе хусусияти доимиву оммавӣ касб намудааст.

Дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолонро воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо диду тарҳи муосир бунёд намуда истодааст, ки ҳизбиёни пойтахт дар шанбегиҳои ҳар ҳафтайнаи он фаъолона ширкат варзида истодаанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар нимсолаи сипаригардида ба ин масъала такони ҷиддӣ дода, фаъолиятҳоро дар ин бахш ба таври чашмрас густариш бахшиданд.

Сохтмони бинои истиқоматӣ дар шаҳри Исфара аз ҷониби ҳизбиёни вилояти Суғд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ бо кишвари ҳамсоя вайрон гардида буданд, маҳз тавассути ташаббуси аъзои ҳизб ба вуқуъ пайваст, ки аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён овард.

Ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ташкили корҳои ободонию созандагӣ аксияҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!»-ро роҳандозӣ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббускориҳои сохторҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои эълонгардида корҳои муайяни ободонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо ҷалби саховатмандон 32 мактаб (синфхонаҳои алоҳида) дар ҳаҷми 15726 метри мураббаъ таъмир карда шуданд.

Назорати ҳаракати аъзо ва қабули сифатноки аъзои ҳизб як бахши муҳими фаъолияти дохилиҳизбиро дар бар гирифта, ба миён овардани низоми мукаммал дар ин бахш омили муваффақияти фаъолиятҳои ҳизбӣ ба шумор меравад. Тайи як соли охир ин масъала дар фаъолиятҳои ҳизбӣ афзалияту бартариятро ба худ касб намуд. Кор дар ин самт аз ташкилоти ибтидоӣ бояд бонизом ва дақиқу равшан бошад.

Ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо робитаи мустақим бо ҷомеа ва мунтазам корбарӣ намудан бо мардумро дар фаъолияти худ вусъат бахшида, ба масъалаи шунидани муроҷиати шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо эътибори махсус медиҳанд.

Яке аз чорабиниҳои муҳими нимсолаи сипаришуда ташкил ва гузаронидани курси бозомӯзӣ барои роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ ба шумор меравад.

Инчунин, гуфта шуд, ки имрӯз ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишварро бе Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Нақши ҳизби мо зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Чун ҳамеша мо шоҳиди падидаҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳанги мешавем дар ҳамаи ин дастовардҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир ва меҳварӣ дорад.

Итминон карда шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро беш аз ин тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки як қисми таркибии идеяҳои низоми давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, самимонаву содиқона анҷом хоҳанд дод.

Оид ба рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузориши муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода шунида шуд.

Номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ ва сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии камфаъол бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо дар ин самт мебошад.

Дар бораи фаъолияти иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманд гузориши муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ шунида шуд.

Гуфта шуд, ки дар меҳвари Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо афзалияти бештарро дорост.

Тибқи шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамдастӣ бо вакилони маҷлисҳои вакилони халқ ва узви фаъоли ҳизб ба 18 809 нафар ниёзмандон ва маъюбону шахсони бесаробонмондаву кӯмакҳои моддӣ ва озуқаворӣ расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 15 нафар маъюбон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аробачаи худрав ва маъюбӣ расонида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо Шумоем!” низ баргузор гардид, ки аз рӯи се номинатсия дар ҷумҳурӣ 1087 нафар маъюбон ширкат варзида, ба даври ҷумҳуриявӣ 34 нафар роҳхат гирифтанд. Боиси сарафрозии зиёд аст, ки бо дастгирии роҳбарияти ҲХДТ ва ташаббуси неки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби Шоҳҷоизаи озмун аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ба ғолиби дигари озмун аз шаҳри Душанбе хонаҳои ду ҳуҷрагӣ бо тамоми шароит дар пойтахт тақдим карда шуд.

Вобаста ба ин масъалаи рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид.

Дар бораи саҳми ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва тақвият бахшидани фаъолияти манбаъда дар ин самт гузориши мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб Илҳомҷон Ҳамидиён шунида шуд.

Мавсуф иброз дошт, ки Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри иҷрои протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ бо мақсади тақвияти корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва дар ин масъала сафарбар намудани фаъолиятҳои ташкилотҳои ҳизбӣ чораҳои қатъӣ андешида, корҳои мушаххасро роҳандозӣ кард.

Масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аксияҳои «Худ ва дигаронро аз бемории COVID-19 муҳофизат менамоем», «Бе ниқоб гаштан манъ аст», «Солимии миллат – бақои миллат», «Тарзи ҳаёти солимро пеш мегирем!», «Ман ниқоб мебандам. Шумо чӣ?» дар бозорҳо ва марказҳои савдо доир намуда, тарзи ҳаёти солимро ҳамаҷониба тарғиб карданд. Зарурати масъулиятшиносӣ барои худ ва дигарон таъкид намуда, барои саломат мондан аз ин беморӣ риояи тавсияҳои коршиносонро таъкид карданд.

Тавре Раиси муаззами ҳизб зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба ин масъалаи мубрам ҷалб намуда, қатъиян таъкид намуданд: «Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндаҷа медиҳем».

КИМ ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва шаҳрвандон шумораи зиёди ниқобҳои ҳимоявӣ, дастпӯшакҳо, маводи антисептикӣ ва либосҳои муҳофизатии тиббӣ ройгон дастрас намуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба воситаи рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Сухани халқ», «Шафақ», «Афкори халқ», «Нигоҳи халқ», “Фарвардин”, «Садоқат», «Ҳидоят», «Ҳамрози халқ», “Овози халқ”, тариқи радио ва телевизионҳои маҳаллию марказӣ зиеда аз 3000 гузоришу мақола ва 220 ролики иҷтимоӣ таҳия ва пахш гардид.

Вобаста ба пешгирии COVID-19 аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти худро дар маконҳои серодами пойтахт ба роҳ мемонанд. 460 мақола ва 74000 вокуниш ва хабарҳоро дар сомонаи кумитаи иҷроия ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди хонандагон гардонид. Ба 13000 нафар сокинону меҳмонон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва бисёркарата ройгон дастрас шуда? 4600 варақаҳои иттилоотӣ, 395 адад маводи антисептикӣ, 400 адад дастпӯш ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе тақсим карда шуданд.

КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ раванди баргузории чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро мунтазаам инъикос менамояд. Аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ 32167 доир карда шуд. 113197 варақа, 23127 ниқоб, 3760 зарф (флакон) маҳлули антисептикӣ, 1018 мавод дар шабакаи Интернет, 1921 кг маводи ғизоӣ ба аъзои оилаи табибон ва беморон дастрас карда шудааст.

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд 1336 вохӯрӣ, 7238 мулоқот бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча доир намуд. Баҳри самаранокии корҳои тарғиботӣ 46 ҳазору 406 варақаи иттилоотӣ, муроҷиатномаҳои ҲХДТ, 6000 маводи безараргардонӣ, 17500 ниқобҳои яккарата тақсим карда шуд.

Фаъолияти КИ ҲХДТ дар ВМКБ низ дар ин самт дар доираи имкониятҳои мавҷуда сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби имрӯза ин бемории сироятӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуда, боиси фавти шаҳрвандон, баста шудани марзҳои байнидавлатӣ, монеи робитаҳои кишварҳо дар бахшҳои мухталиф, бекории аҳолӣ ва коҳиши сатҳу сифати зиндагӣ гардида, мардумро ба мушкилот гирифтор намудааст, муҳимияти бештарро ба худ касб менамояд.

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуд, ки фаъолияти хоҷагидориро низ вусъат бахшида, дар бобати ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ бо мақсади муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини моддии аҳолӣ, фаъолият ва истеҳсоли ҳарчи бештари молу маҳсулоти озуқаворӣ дар назди кумитаҳои иҷроия тадбирҳои муҳим ва фавриро амалӣ намоянд.

Вобаста ба ин масъала низ қарори дахлдор қабул шуд.

«Дар бораи таъсис ва роҳандозии Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ Салим Гадоев, «Дар бораи ахбороти муовини раиси ҲХДТ “Оид ба ворид намудан тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои ҲХДТ” муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода ва «Дар бораи даъвати Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ» муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ баромад намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда дар музокира Қиёмиддин Миралиён, Рустам Фелалиев, Аминҷон Шарифзода, Иброҳим Мирзозода, Ширин Амонзода, Абдухалил Ғаффорзода, Дилмурод Давлатзода ва Хушвахт Салимзода баромад намуданд.

Бо ҳамин, кори маҷлис хотима ёфт.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, имрӯз ҳудуди 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *