Рубрики
Last News

Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

      Дар толори МИМҲД    Маҷлиси Раёсати  кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид. Дар чорабинӣ  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИМҲД Шоахмедов И, аъзоёни раёсат, аъзои комиссияи доимоамалкунанда ва аъзои Ситоди “Обуна -2022” иштирок карданд.  

       Дар ҷаласаи  Раёсат  оиди чор масъалаҳо:

  1. Ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи доимоамалкунанда дар назди КИН ҲХДТ  
  2. Таъсис додани Ситоди ноҳиявии “Обуна-2022”
  3. Даъвати Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон
  4. Масъалаҳои ташкилӣ, барраси гардид.

Пеш аз оғози Маҷлис Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р. Қодирӣ ҳамаи фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристонро ҳушёр дода оид ба нишон додани вокунишҳо ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надодан дастуру супоришҳо доданд.

 Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С  оид ба масъалаҳои якум ва дуюм баромад намуда, ҳозиринро бо раисон ва аъзои комиссияи доимамалкунанда ва инчунин бо рӯйхати аъзои Ситоди “Обуна-2022” шинос намуд. Баъдан Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р.Қодирӣ дар баромади худ оид ба масъалаи сеюм  лоиҳаи қарорро ба саҳми ҳозирин расонид. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИН ҲХДТ Каримова Ш оид ба масъалаҳои ташкилӣ баромад намуда ҳамагонро бо якчанд озмунҳое, ки аз ҷониби Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ тасдиқ гардидааст, шинос намуд. Оид ба масъалаҳои боло қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба маҷлис хотима дода шуд.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *