Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Рӯзи гузашта маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен дар толори ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия баргузор гашт.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Убайдуллозода Муаттара иштирок доштанд.

Дар маҷлис 4 масъала баррасӣ гардида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Шамсиддинова Фирӯза баромад намуда, оид ба муқоисакунӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, қабул ба сафи ҳизб ҷиҳати пешравӣ ва камбудиҳо маълумот дод.

Яке аз масъалаҳои рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пахтакор -18 Қутфиддинов Мирзоамир шунида шуд.

Дар рафти кори маҷлиси раёсат қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизб тасдиқ карда шуда, Ситоди “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” таъсис дода шуд.

Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон оид ба озмунҳои ҷумҳурияви таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-Бобоҷон Ғафуров (байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ), озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем”( барои наврасони аз 6-то 18-солаи гурӯҳи маъюбон), дар сатҳи шоиста баргузор намудани 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, озмуни Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шӯъбаи беҳтарин ва тақвияти дохилиҳизбӣ, сухан намуд.

Муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда таклифҳои муфид пешниҳод намуд.

Оиди масъалаҳои баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *