Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Санаи 13-уми апрели 2021 сол маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар толори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсати кумиҷроия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррухҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода Каримӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар ва собиқадори ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Қаробоева Сабоат, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Дар маҷлиси раёсат 6-масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зимни маҷлис масъалаҳои ба рузонама дохилкардашуда, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррухҷон ва раиси Шӯрои собиқадорону ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар ба сухан баромада, ба фаъолони ҳизб ҷиҳати татбиқи хадафҳои барномавии ҲХДТ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар фарҷом аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт якчанд нафар фаъолон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *