Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 14.04.2021 дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки аъзоёни Раёсат ва фаъолон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Раёсати кумитаи иҷроия 4 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар кори маҷлиси Раёсати кумиҷроияи ноҳиявӣ Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович ва муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилоромхон ширкат намуданд.
Маҷлиси Раёсатро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон, бо сухани ифтитоҳӣ кушода, аъзоёни Раёсатро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис «Оид ба иҷрои нақша-чорабинии кумиҷроияи ноҳиявӣ «Дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»» мудири шуъбаи занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. баромад намуда, қайд кард, ки кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб сафарбар намудани ҷомеаро ҷиҳати таъмини саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш зикр гардидаро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Аз ин ҷост, ки вобаста ба ташвиқу тарғиби он аз ҷониби кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия нақшаи чорабиниҳо, зиёда аз 131 номгӯ ба тавсиб расиданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта таъсиргузор буд.
Инчунин дар музокира Ҷӯраева Муҳаррам Латиповна- Раиси Шӯрои собиқадорони назди кумиҷроияи ноҳиявӣ ва Ғафурова Сабрина аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Аз руйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис «Вазъи молиявӣ, пардохти аъзоҳаққӣ дар ҳамаи КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2020» мудири шуъбаи молия – сармуҳосиби кумиҷроияи ноҳиявӣ Муллоева Б., қайд намуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мақому манзалати назаррас дорад, афзудани миқдори аъзои ҳизб, хосатан, аз ҳисоби шахсони фаъол ва барӯманди ҷомеа бозгӯи ин гуфтаҳост.
Аз руйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис «Натиҷаи муқоисакунии аъзои ҲХДТ дар ҳамаи КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ» мудири бахши омори кумиҷроияи ноҳиявӣ Убайдуллоева Дилоромхон Ҷамоловна афзуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фаъолияти корӣ, тибқи барқияи №28 аз 02.07.2020 ва иҷроиши фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №69 аз 16.07.2020 “Дар бораи гузаронидани муқоисакунии аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии вилояти Суғд” дар 97 ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муқоисакунӣ гузаронида шуд.
Аз руйи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис «Тасдиқи Низомнома ва Дастурамали вазифавии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода афзуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, таблиғоту иттилоотӣ, таҳлилӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии аъзоёни ҳизб, иҷтимоию маишии сохторҳои ҳизб ва муайян намудани ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва танзими дурусти фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Низомномаю Дастурамали вазифавии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тасдиқ намоем.
Дар охир муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилоромхон ва Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович баромад намуда, баҳри сазовор истиқбол намудани санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнҳои бузург, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба амалӣ гардонидани мақсадҳои некбинона ва судманди ҲХДТ ва корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза бахшидан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.