Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар маҷлиси Раёсати кумиҷроия роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматчонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифович, муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони мардумӣ ва фаъолон иштирок намуданд. Маҷлиси Раёсат аз рӯи 5-масъала доир гардид:

Зимни маҷлис масъалаҳои ба рузонама дохилкардашуда, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва муовини раиси шаҳри Истаравшан Наимҷонзода Нигора ба сухан баромада, ба фаъолони ҳизб ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир ба якчанд нафар фаъолоне, ки ба сафи ҲХДТ аъзо гаштанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *