Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ВИЛОЯТИ СУҒД БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи калони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзоёни Раёсати КИ ҲХТ дар вилояти Суғд, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, сармуҳосибони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят, фаъолони ҳизб ва собиқадорони ҲХДТ ширкат варзиданд. Маҷлиси Раёсат аз рӯи 6-масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки тӯҳфаи бузурги мо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ин иҷрои босифату мақсадноки Оиннома ва Барномаи ҲХДТ дар кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳуҷҷатгузориву коргузории ботартиб ва зиёд намудани сафи аъзоён аз ҳисоби шахсони арзандаву соҳибирода мебошад. Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи корӣ ҷиҳати огоҳӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ Фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 02 апрели соли 2021, №42 “Дар бораи омода намудани маводҳои маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд” ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ аз фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Истиқлол ва Деваштич санҷиш гузарониданд.

Сипас, аз руйи масъалаи якуми рузномаи кори ҷаласа муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон баромад намуд. Мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки дар марҳилаи сипаригашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 13700 чорабиниҳои гуногуни сиёсиву ташкилӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии беш аз 1 млн. 164 ҳазору 500 нафар сокинон ташкил карда шуд. Масъалаи ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҲХДТ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Бо иқдоми КИВ баҳри тақвияти фаъолияти кори дохилиҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ, шуъба ва бахшҳои беҳтарин” ва ҳафтаи аввали ҳар моҳ “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” эълон карда шуд, ки самараи нек бахшида истодааст. Дар ин давра, шумораи аъзои ҳизб дар вилоят ба миқдори 1621 нафар зиёд гардид. Яъне, ба ҳолати 1-уми апрели соли равон он ба 152216 нафар расид, ки аз он 85389 нафар (56%)- ро занон ва 58218 нафар (38%)-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода Муҳаммад баромад намуданд.

Барои баррасии масъалаи дуюми рузнома, ки оид ба маблағгузорӣ ва пардохти саривақтии аъзогии мебошад, гузориши роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба расонидани ёрии методии молиявӣ мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ивлояти Суғд Дадобоев Ғуфронҷон шунида шуд.

Инчунин дар ҷаласаи Раёсат вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Деҳмой”№50, ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғаффорзода Абдурасул Ғаффор аз фаъолияти вакилиаш ҳисобот дод.

Дар идомаи кори ҷаласа ҳозирин бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, тақвият бахшидани фаъолияти ҲХДТ, ҷалби аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба корҳои ҳизбӣ ва бо ин васила боз ҳам мустаҳкам кардани мавқеи ҳизб дар ҷомеа ҳайати комиссияҳои доимоамалкунандаро дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тасдиқ намуданд, ки минбаъд ин коммисияҳо иборат аз 8 гурӯҳ барои тақвияти фаъолият оид ба назорати корҳои дохилиҳизбӣ ва таҳияи санадҳои ҳизбӣ, оид ба корҳои матбуотӣ, таблиғотӣ ва фарҳангӣ, оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва рушди сайёҳӣ, оид ба масъалаҳои занон, баробаии гендерӣ ва ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оид ба масъалаҳои молиявӣ ва корҳои хоҷагидорӣ, оид ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои вакилии ҲХДТ дар маҷлиси ваакилони халқи вилояти Суғд ва назорати татбиқи барномаҳои ҳизбӣ, оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб ва татбиқи қонунҳои миллӣ ва оид ба ҳамкоиҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ корбарӣ менамоянд.

Аъзои Раёсат бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” аъзои “Ситоди вилоятии “Обуна – 2022”-ро тасдиқ намуданд. Ҳамзамон санаи баргузории Маҷлии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба нимаи дуюми моҳи июл муқаррар карда шуд .

Дар фарҷоми маҷлиси Раёсат Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, татбиқи Барномаҳои давлатӣ, қабули босифати аъзо, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, саривақт доир намудани соатҳои сиёсӣ ва семинарҳои дастурдиҳиву омӯзишӣ, вусъат бахшидани ҷараёни сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Ҷаббор Расулов, ташкили қитъаи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, насби шиору овезаҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, пешгирии бемории Govid-19, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила, даъвати ҷавонон ба сафи ҳарбӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ дасутру супоришҳои мушаххас дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *