Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Санаи 13 апрели соли равон тибқи дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбро дар доираи вазифагузориҳои муовини якуми раиси ҲХДТ, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ дар ҷамъбасти курси бозомӯзии раисони кумиҷроияҳо таҳлил намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба роҳандозии дурусти корҳои ҳизбӣ, таҳкими мавқеи фаъоли ҷамъиятии онҳо ҷалб намуд.

Аъзоёни раёсат гузориши мудири бахши омори Кумитаи иҷроия Мастона Муродзодаро дар бораи натиҷаҳои муқоисакунии аъзоёни ҳизб ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Шерзод Раҳматовро оид ба рафти иҷрои қарори КИМ ҲХДТ аз 29 октябри соли 2020, № 3 “Дар бораи нақшаи амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дархосту пешниҳоди интихобкунандагон дар ҷараёни мулоқотҳои пешазинтихоботии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ намуданд.

Маҷлиси раёсат қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба қабул ба сафи ҳизб тасдиқ намуд.

Дар ҷаласа мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Афзалшо Дӯстзода дар бораи масъалаҳои муҳими рӯз сухан кард.

Ҷаласаи раёсат оид ба ҳама масъалаҳои рӯзнома қарор қабул намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *