Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси Раёсати ҲХДТ дар вилояти Суғд

Дар доираи  “Рӯзҳои ҳизбиёни вилоят”дар ноҳияи Спитамен дар маҷлисгоҳи осорхонаи таърихии кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо иштироки аъзоёни раёсати кумитаи иҷроияи вилоятӣ, раисон ва муҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар асоси Барнома, қарорҳо ва дастуру ҳидоятҳои Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2022 корҳои муайянро ба иҷро расониданд. Дар идомаи сухани хеш Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз намуд, ки барои роҳандозӣ намудани ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон байни қишри ҷомеа, Паёми Президенти мамлакат, ки ҳамасола  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, дастуру раҳнамои кору зиндагӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад. Вобаста ба ташвиқу тарғиби пешгирии афкору андешаи ғайр, манъи ташвиқи бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ба омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқ, таблиғи таҷрибаи пешқадами чеҳраҳои шинохтаи ҳизб ва ба қишри ҷомеа расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи иҷроияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Сипас оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ш.Конибодом, н.Спитамен, н.Мастчоҳ бобати вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замира баромад намуд.

Барои амалӣ намудани Барномаи дурнамои ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зичро бо вакилони мардумии ҳизбӣ ба роҳ мондаанд. Доири ин масъала вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти  Суғд аз ҳавзаи интихоботии Пӯлодон, №18 Шокиров Абдураим Абдусалимович  баромад намуд.

Инчунин дар маҷлис оид ба ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар маълумот дод.

 Дар идомаи маҷлис оид ба вазъи молиявӣ, пардохти аъзоҳаққӣ дар КИВ, КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Бӯстон, Гулистон, Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон, Раиси собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зокиров Саидбой баромади таҳлилӣ намуд.

Дар фарҷоми маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон андешаҳои хешро оид ба фаъолияти минбаъдаи кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо иброз намуда ба иштирокдорони маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барору  комёбиҳо таманно намуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *