Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси Раёсат доир гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷаласаи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси шаҳри Истиқлол Алабердиён Муқаддас, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол М. Ниёззода оғоз намуда, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти ҳизбиёни шаҳр суханронӣ намуд ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

Аз рӯи масъалаи асосӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода М.Н. доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар семоҳаи авали соли 2021 ҳисобот дод. Баъд аз ҳисоботи Раиси кумиҷроия Ниёззода М.Н. якчанд роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ Раззоқова Н., ба музокира баромада, доир ба фаъолияти кории ҳизб ва дар оянда ҷиҳати тақвияти корҳо суханронӣ карданд.

Сипас намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон баромад намуда, доир ба дастовардҳо ва фаъолияти аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва бобати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ дар ҳама самт аз нишастагон даъват ба амал овард.

Ҳамзамон бо истифода аз фурсат Ниёззода М.Н. иштирокчиёни Раёсат ва хусусан роҳбарони ташкилоти ибтидоии соҳаи маорифро ба низомномаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо Шумоем» ва «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» шинос намуда даъват кард то ҷиҳати иштирок дар ин озмун байни муҳассилин корбарӣ намоянд.

Инчунин бо иштироки меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаи варзишии баскетбол байни ҷавондухтарон, ки бо сарпарастии кумиҷроияи шаҳрӣ ташкил гардид, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Инрчунин ба ғолибони мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз намуди вазнбардорӣ низ диплом ва туҳфаҳо тақдим шуд.

Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода баромад намуда, таъкид дошт, ки фаъолони шаҳри Истиқлол дар оянда низ барои фаъолияти босамар ва густурда дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши беш аз пеш хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *