Нимаи дуюми рӯз дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳангии ноҳия маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо иштироки аъзоёни раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, раисон ва муҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар асоси Барнома, қарорҳо ва дастуру ҳидоятҳои Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2022 корҳои муайянро ба иҷро расониданд. Дар идомаи сухани хеш Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз намуд, ки барои роҳандозӣ намудани ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон байни қишрҳои ҷомеа, Паёми Президенти мамлакат, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру раҳнамоии кору зиндагӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад. Вобаста ба ташвиқу тарғиби пешгирии афкору андешаи ғайр, манъи ташвиқи бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ба омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқ, таблиғи таҷрибаи пешқадами чеҳраҳои шинохтаи ҳизб ва ба қишрҳои ҷомеа расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи иҷроияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳамзамон, оид ба обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ибрози назар намуда, қайд кард, ки баъзе аз кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо нисбати обунаи рӯзномаҳои ҳизбӣ бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Таъкид дошт, ки меъёри муқаррарнамудаи обуна бояд ба иҷро расонида шавад.
Сипас, оид ба санҷиши ташкилотҳои ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олдии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода сухан кард ва аз муваффақияту камбудиҳои ҷойдошта ҳарф зад.
Дар фарҷоми маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон андешаҳои хешро оид ба фаъолияти минбаъдаи кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо иброз намуда, ба иштирокдорони маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар интиҳои маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд чунин ибрози назар кард: “Мо дар остонаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ – 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳамзамон, ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ низ аз ҳоло бояд омодагӣ гирифт. Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихӣ бояд корҳои тарғиботиро дар тамоми самтҳои фаъолият густариш бахшид.
Қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, барои ноил шудан ба дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон саҳми назаррас дорад. Аз ин рӯ, ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро гузошта, дар атрофи сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид бошад”.
Баъд аз анҷоми чорабинӣ дар Қасри фарҳанг ҳунармандони ноҳия бо барномаи рангини консертӣ, рақсу таронаҳои дилнишин хотири меҳмонон ва тамошобинонро болида сохтанд.
Бо ҳамин баргузории Рӯзҳои ҳизб дар ноҳияи Мастчоҳ анҷом пазируфт ва меҳмонон бо як ҷаҳон таассуротҳои хубу хотирмон ба шаҳри Хуҷанд баргаштанд.
Моҳира РАҲИМЗОДА,
“Сухани халқ”