Раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аъзои гурӯҳи корӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дидан намуданд. Тавре аз мушҳидаҳо аён гардид, кумиҷроия соҳиби дастгоҳи қавӣ иборат аз мутахассисони варзида ва кордон буда, утоқҳои ҳизбӣ хуб ҷиҳозонида шудаанд. Зимни азназаргузаронии утоқҳои муовини раиси кумиҷроия, омор, ташвиқоту тарғибот, ташкилӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон, муҳосибот аён гардид, ки низоми ҳуҷаттгузорӣ хуб аст. Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва иҷроиши онҳо ба пуррагӣ нишон дода шудааст. Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои тақвияти кор, ороиши гушаҳои ҳизбӣ, вусъат додани кор бо аъзо ба кормандони дастгоҳ дастуру ҳидоятҳо дод.
Баъдан расисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят ва кормандони дасгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ба 13 гурӯҳ тақсим шуда, аз фаъолияти наздики 50 ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент 13 546 нафар аъзои ҳизб дар 85 ташкилотҳои ибтидоӣ ба қайд гирифта шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раисони ташкилотҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб аз шаҳри Панҷакент ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳизбӣ дар маҷлиси сайёри Кумиҷроияи ҳизбии вилоят дар шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент барои пазироӣ бори дигар изҳори сипос намуда, зикр кард, ки шиносоии раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят аз фаъолияти кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои беҳтар шудани кори ҳизбӣ, тарғиби таҷрибаи хуб, ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард. Таъкид шуд, ки ҳамсафон аз ин боздид таассуроти хуб бардоштанд.
Гурӯҳи корӣ фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳрро хуб арзёбӣ намудаанд. Қайд карда шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии Экспедитсияи иктишофии Моғиён, Тоҷикстандарт, КМ “Зарафшон”, Маорифчиён, Беморхонаи “Суғдиён”, Беморхонаи марказӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии “Беҳдошт”, Коллеҷи тиббӣ,
Маркази саломатӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Амонатбонк, Ободонӣ, Кохи фарҳанг, Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, Хонаи пиронсолон ва Мактаби санъат фаъолияти хубу назаррасро роҳандозӣ намудаанд.
Меҳмонон ба сатҳи баланди корҳои ташкилӣ, аз ҷумла ороиши утоқҳои корӣ ва коргузорӣ баҳои баланд дода, барои беҳбудии фаъолият ва коргузориву зиёд намудани аъзои ҳизб маслиҳатҳои муфид доданд. Гуфта шуд, ки бо кормандон ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба маҷлис ва чорабиниҳо гузаронида, мақсаду мароми ҲХДТ-ро фаҳмонанд.
Дар баромади Исмоилзода Зуфар Муртазохон таъкид карда шуд, ки ҳамаи иқдомҳо бояд зери шиори истиқбол аз Истиқлол бояд сурат гирад. Мавсуф ба вусъати корҳои сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Гулистон, Конибодом супоришҳо дода, ҳамзамон зикр намуд, ки ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо барои тақвияти ҳизб қадами устуворе хоҳад буд. Дар ин ҷода фаъолияти кумиҷроияи ноҳияи Аштро нек арзёбӣ намуд. Дар идомаи ҷаласа сари вақт роҳандозӣ намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2022 ва натиҷагирӣ аз баргузории аксияи “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” баррасӣ шуда, супоришҳои мушаххас дода шуд. Инчунин, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе аз ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи ҳизбии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро ба боз ҳам тавсеа додани фаъолияти ҳамарӯзаашон ҳидоят намуд.
Дар интиҳои маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон чунин ибрози назар кард: “Мо дар остонаи истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. ҲХДТ, ки зодаи даврони истиқлол аст, барои ноил шудан ба дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон саҳми назаррас дорад. Аз ин рӯ, ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро гузошта, дар
атрофи сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид бошад”.
Бо ҳамин баргузории Рӯзҳои ҳизб дар шаҳри Панҷакент анҷом пазируфт ва меҳмонон бо як ҷаҳон таассуротҳои хубу хотирмон ба шаҳри Хуҷанд баргаштанд.