Дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 23.06.2021 сол таҳти №56 дар бораи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар толори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – пояи асосии сулҳу субот дар ҷомеа” доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Олимҷон Зоҳидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт – Каримзода Хушнуд Каримӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар, собиқадорону фаъолон ва занону ҷавонони фаъоли ҳизб иштирок доштанд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода ба сухан баромада, кулли ҳизбиёни ноҳия ва сокинони шарафманди диёрро ба фарорасии 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, аз таърих ва дастовардҳои раванди Ваҳдати миллӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик бо хиради азалии худ тавонист ба ваҳдат ва ягонагӣ расида, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшад.
Сипас, суханро ба намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Олимҷон Зоҳидов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар Тошматович дод.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Олимҷон Зоҳидов табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба кулли ҳизбиёни ноҳия расонид.
Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар аҳли толорро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, афзуд, ки ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки миллати тоҷикро аз сарнагуншавӣ эмин нигаҳ дошт. Маҳз туфайли ин санади сарнавиштсоз – “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф намудаанд.
Инчунин, дар вазъияти тантанвӣ бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ якчанд нафар собиқадорону фаъолони ҳизб, ки дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми назаррас доранд, бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.
Сипас, аз ҷониби аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб шеърҳо дар васфи Ватан, Ваҳдат, Тоҷикистон қироат карда шуд.
Дар охир баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусну таровати тозае зам намуд.