Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш» баргузор гардид.

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш» ба фаолияти ТИ дар давраи ҳисоботӣ баҳогузорӣ карда шуда, нақшаи фаолияти ТИ барои нимсолаи дуюми соли 2022 қабул гардид. Масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ  аъзои фаоли ҳизб Бойназаров Ғайрат интихоб гардид. Ба Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳия 9 нафар аъзои фаоли ТИ вакил интихоб шуданд.

Дар баромадҳо қайд карда шуд, ки дар шароити имрӯзаи пурталотуми ҷаҳон ҳар як аъзои ҲХДТ бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба рӯйдодҳои муҳими ҷомеа бефарқ набошанд.  Муҳтавои Пайёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлису ҷамомадҳо, дар вохуриҳо дар маҳаллаҳо ба мардум, дар ташкилоту муассисаҳо ба кормандон  фаҳмонида дода шавад. Аз мақсад, мароми фаолияти имрӯзаи ҲХДТ мардум огоҳ бошанд. Дар роҳи таъмини пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳар як аъзои ҳизб ҳиссагузор бошад. Ба ҳар як аъзои ҳизб талабот гузошта шуд, ки ба рӯйдодҳои ҳаррӯзаи ҷомеа ва ба баромадҳои душманони миллат бо воситаҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бетафовут набуда оид ба воқеъаҳои содиршуда саривақт андеша ва вокунишҳои худро изҳор намоянд. Ба муроҷиати сокинон аҳамияти асосӣ дода шуда, барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдошта корбарӣ ҷоннок карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *