Санаи 09.06.2021 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар КИИ ҲХДТ минтақаи Овчиқалъача маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон Қодир, мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ Маннонова Заррина, собиқадори ҳизб Негматова Мукаррама ва намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, бо маърӯзаи муфассал дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Доир ба фаъолияти КИИ ҲХДТ дар минтақаи Овчиқалъача муовини кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Қаландарова М. ҳисобот доданд. Дар маҷлис ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон раиси КИИ ҲХДТ дар минтақаи Овчиқалъача Шукуров Аҳмадҷон интихоб гардид.