Рубрики
Uncategorized

Спитамен:МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАРҲАНГ”-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН

       Санаи 30-уми июни соли 2021 дар китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Спитамен маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ оид ба фаъолияти шашмоҳи  Ташкилоти ибтидоии  “Фарҳанг” доир гардид. Дар кори маҷлис  Роҳбари Дастгоҳи кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, Роҳбари Дастгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Исматҷонов Бахтиёр, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода иштирок доштанд. Дар кори маҷлис якчанд масаълаҳо: ҳисоботи шашмоҳи Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”,  рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, интихоби Раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раёсати ташкилоти ибтидоӣ,  масаълаҳои ташкилӣ баррасӣ гардид. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Шодиева О. маҷлисиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти шашмоҳи ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” ҳисобот дод. Аз рӯи масъалаи якум  директори китобхонаи марказии ноҳия Нодирова М. ва директори Қасри фарҳанги ноҳия Калматова Д. ба музокира баромаданд. Аз руйи масаълаи  дуюм шахси масъули ташкилоти ибтидоии  “Фарҳанг” Саидхӯҷаева Д.   баромад намуда, барои интихоби Раиси ташкилот,  шахси масуъли ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ  номазадҳоро пешниҳод намуд.  Сипас, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказӣ Абдураҳмон Хонзода ва  Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода баромад намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуданд.  Дар кори маҷлис барои фаъолияти пурсамар дар пешбури сиёсати ҲХДТ ба як қатор фаъолони ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен сарфарозонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *