Санаи 29 июни соли 2021 дар толори ТИ «Дармонбахш» Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Хонзода Абдураҳмон Умар – Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Исматҷонов Бахтиёр – Роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Одилзода Рустам – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлиси мазкур мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Ҳисоботи раиси ТИ дар бораи фаъолияти ТИ дар давраи ҳисоботӣ;
2. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ – “Минбари халқ” ва “Сухани ҳалқ” барои соли 2022;
3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;
Дар ҷараёни маҷлис қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қабул гардиданд.
Ҳамзамон зимни ташрифот ҳайати гурӯҳи корӣ дар ТИ «Дармонбахш» аз ҳуҷҷатҳои ТИ аз наздик шинос гардида, ба масъулини ТИ маслиҳатҳои муфид доданд.