Санаи 01 июли соли 2021 дар толори қасри фарҳанги минтақаи Исмоил ва маҷлисгоҳи беморхонаи №6-и ҷамоати деҳоти Исмоил Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Хонзода Абдураҳмон Умар – Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ – муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Анварзода Амирҷон – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни маҷлис қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қабул гардиданд. Сипас, Хонзода Абдураҳмон Умар – Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба сухан баромада фаъолияти ташкилоти ибтидоиро «қаноатбахш» арзёбӣ намуд ва баҳри баланд бардоштани нуфузу мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Рубрики