Рубрики
Асосӣ

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ҶМТКММ “АПРЕЛЕВКА”

​ ​ ​ ​ ​ ​ Мутобиқи Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои Қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ №7 аз 30 апрели соли 2021 “Дар бораи маъракаи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ” ва нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санаи 02 июли соли 2021 дар толори ташкилотҳои ибтидоии ҶМТКММ “Апрелевка” бо иштироки ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Хонзода​ Абдураҳмон Умар – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд- Исмоилзода Зуфар Муртазохон,​ роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд- Бахтиёр Исматҷонов ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

– Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҶМТКММ “Апрелевка”

​-  Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022

– Интихоби ҳайати нави Раёсати​ ташкилоти ибтидоӣ

– Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ

– Масъалаҳои ҷорӣ

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Маҷлисро Муродов Анвар Махсудович – директори генералии Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъунияташ маҳдуди “Апрелевка” ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома буда, мавриди баррасӣ қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
​ ​ ​ ​ ​ Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказӣ Абдураҳмон Хонзода,​ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон​ ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён баромад намуда,​ фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии​ ҶМТКММ “Апрелевка”-ро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуда, доир ба масъалаҳои обунашавӣ, зиёд намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту арзанда, саҳмгузории бевосита дар татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ, омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан дар риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 изҳори андеша карданд.
​ ​ ​ ​ ​ Дар рафти кори маҷлис барои фаъолияти пурсамар дар пешбурди сиёсати ҲХДТ ​ фаъолон бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида, 9 нафар пешқадамони соҳа ​ ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *