Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид

         Дар толори МИҲД-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020  зери роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам бо иштироки муовини якуми раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб баргузор гардид.

Инчунин дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони халқ, собиқадорон, занон ва ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 шунида шуд.

Аз ТИ ҲХДТ «Истиқлол», Тошпӯлотова Назира, аз ТИ ҲХДТ «Гулистон» Ҳалимов Ғолибҷон ба музокира баромада фаъолияти солонаи Кумиҷроияро «қаноатбахш» арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон аъзоёни фаъоли ҳизб Шодиев А.А. ва Расулзода Ш.Х. баромад намуда барои ҳиссагузор шудан дар муҳлатҳои пешбинишуда сохта ба истифода додани бинои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳамаи аъзоёни фаъоли ҳизб даъват ба амал оварданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм маҷлиси раёсат нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои соли 2021 тасдиқ намуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини якуми раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб ба сухан баромада  аз дастовардҳои фаъолияти Кумиҷроия, инчунин оид ба пурзӯр намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб дар байни мардум пешниҳодҳои зарурӣ доданд.

Дар охир ба ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъоли ҳизб сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *